Бахшҳо
15 июн 2015 09:16Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Раҳоии 4 сарбози тоҷик аз асорати Толибон бо ёрии амири Қатар

Вазорати умури хориҷии Қатар аз раҳоии чаҳор сарбози тоҷик, ки моҳи декабри соли гузашта аз сӯи Толибон дар марз бо Афғонистон ба гарав гирифта шуданд, хабар дод.

Расонаҳои қатарӣ, рӯзи 14-уми июн, аз қавли мақомоти умури хориҷияшон иттилоъ доданд, ки бо миёнаравии Қатар чаҳор сарбози тоҷик аз дасти Толибон раҳо ва ба мақомоти тоҷик таслим шудаанд. Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Қатар омадааст, “миёнаравии мақомоти ин кишвар барои раҳоии сарбозони тоҷик дар асоси роҳнамоии шайх Тамим ибни Ҳамд Оли Сонӣ, амири давлати Қатар сурат гирифтааст”.

Масъулини Вазорати умури хориҷии Қатар дар идома аз тамоми тарафҳое, ки дар раҳоии сарбозони тоҷик даст доштанд, миннатдорӣ карда, таъкид кардааст, “ин миёнаравии Давҳа бар асоси арзишҳои инсондӯстӣ сурат гирифта, Қатар аз тамоми роҳҳои дипломатӣ барои раҳоии сарбозони багаравафтодаи тоҷик истифода кард”.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки гуруҳи мусаллаҳи толибон, рӯзи 19 декабр, 4 марзбони тоҷик -- Меъроҷиддин Шодиев, соли таваллудаш 1994, Фарҳод Калонов, соли таваллудаш 1996, Тӯйчибой Нурбоев, соли таваллудаш 1996, Сироҷ Давлатов, соли таваллудаш 1991-ро дар ҳоле ба асорат гирифтанд, ки дар марз бо вулусволии Имом Соҳиби Афғонистон ба ҳезумчинӣ машғул буданд.
Мӯҳр
Рахмат барои чаноби оли Эмомали Рахмон, ки бо ташаббуси он кас инон баргардонида шудаанд.

Инсондуст
Ё тавба ин шармандагист Точикистон гами шахрванди хушда намехра ва сурог ам накард ин кадар вакт ин салдатои бечорара мутаасифона катрам дид ки точикистон дар фикри ин салдатои бечора нест барои амин ин кор кард

Як чахон ташаккур ба Чаноби Оли - шайх Тамим ибни Ҳамд Оли Сонӣ, Амири давлати Қатар барои инсондусти ва икдоми нек!

Ташакур ба Президенти Точикистон. Гами тамоми фарзандони точикуитониро мехурад. хама корро мекунад ки дар точикистон сулх бошад. сулх бошад хамааш мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)