Бахшҳо

Изҳороти мақомоти тоҷик: Аз Толибону амири Қатар ҳарфе нест

Мақомоти Тоҷикистон, бо пахши як иттилоияи расмӣ аз бозгашти чор марзбони асирафтодаи тоҷик ба Ватан хабар доданд.

Дар ин иттилоия, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кардааст, омадааст: “Рӯзи 11-уми июни соли 2015, дар натиҷаи гуфтушуниди расмӣ ва дидани чораҳои махсус бо мақомоти муайян, органҳои салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозони қисми низомии 2610 Калонов Фарҳод Мухторович, соли таваллудаш 1989, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Шодиев Меҳроҷ Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 1994, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, Норбоев Туйчибой Абдусамадович, соли таваллудаш 1995, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ва Давлатов Сироҷ Исломидинович, соли таваллудаш 1991, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қумсангирро, ки рӯзи 17-уми декабри соли 2014 дар минтақаи сарҳадии 128/2-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби силоҳбадастони номаълум ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рабуда шуда буданд, аз асорат озод карда, ба ватан баргардониданд”.

Таъкиди мақомоти тоҷик ба силоҳбадастони номаълум дар ҳолест, ки гуруҳи "Толибон" бо пахши як изҳорот гуфтааст, чор сарбози тоҷикро ба хотири “равобити хуби ҳамсоядорӣ” миёни ин ҳаракат ва Тоҷикистон бо миёнҷигарии Қатар раҳо кардааст.

Дар ин изҳорот, ки як торнамои марбут ба “Толибон” нашр кардааст, гуфта мешавад, “ҳамаи сарбозон бо саломатии хуб ба Ватан баргаштанд ва “Толибон” бар ивази онҳо ҳеч инъоме нагирифтаанд”.

Марзбонҳои тоҷик рӯзи 19 декабр ба асорати “Толибон” афтиданд. Гуфта мешуд, онҳоро ҳангоми ҳезумчинӣ дар марз бо вулусволии Имом Соҳиби Афғонистон гаравгон гирифтаанд. Рӯзи 14 июн Вазорати умури хориҷии Қатар хабар дод, ки ин чор сарбоз бо миёнаравии Қатар аз дасти “Толибон” раҳо шудаанд. Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Қатар омадааст, “миёнаравии мақомоти ин кишвар барои раҳоии сарбозони тоҷик дар асоси роҳнамоии шайх Тамим ибни Ҳамд Оли Сонӣ, амири давлати Қатар сурат гирифтааст”.
Мӯҳр
Ба фикрм ин сарбозони бечора шароити зиндагиашонро ба толибон накл кардан дили толибон сухт оби чашмошон рехту ин сарбозонро рахо карданд.

Just man
Хангоми хезумчинй дар марз ба асорат афтоданд? Сарбоз дар марз бояд ватанро хифозат кунад е хезумчинй кунад? шармандагй

Ба фикрм ин сарбозони бечора шароити зиндагиашонро ба толибон накл кардан дили толибон сухт оби чашмошон рехту ин сарбозонро рахо карданд.

сарбоз
Давлати Катар худаш аввал аз терористхои Сурияву Ирок кумак карданша бас кунад. Хамаи хамин терористхоро хамин катару сауди дастгири мекунад.

Фируз
Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Қатар омадааст, “миёнаравии мақомоти ин кишвар барои раҳоии сарбозони тоҷик дар асоси роҳнамоии шайх Тамим ибни Ҳамд Оли Сонӣ, амири давлати Қатар сурат гирифтааст”. Аз ин фахмида мешавад, ки сарпарасти толибон Катар ва шариконашон астанд!

Як бор рахмат бген хаму шайха факат кортон гайбат ! и ича ута мекадай ита мекадай асос точика ердам додай халос кардай бе тамаь! кам давлатеяй ки бе тамаь точика ердам тияд!! барои хамин Ташаккури зиед барои дастгирии Шайх!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)