Бахшҳо

Кумитаи дин аз ҲНИТ хост, суфраи рамазонӣ наорояд

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ) хостааст, ба оростани суфраи рамазонӣ ва баргузории намози таровеҳ дар қароргоҳи марказии худ хотима бахшад.

Ба иттилои торнамои расмии ҲНИТ, масъулини Кумитаи дин оростани суфраи рамазонӣ ё додани ифтор ва баргузории намози таровеҳ дар қароргоҳи ин ҳизб дар шаҳри Душанберо зидди Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” хондаанд: “Рӯзи 18 июн, нахустин рӯзи моҳи Рамазон дар Тоҷикистон аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Тоҷикистон номае ба дафтари ҲНИТ расид, ки дар он бо ишора ба Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” гуфта мешавад, ки талаботҳои ин қонун аз тарафи ҳизб риоя нашуда, бо оғози моҳи Рамазон дар қароргоҳи ҳизб бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон намози таровеҳ ва хурдани таом сурат мегирифтааст”.

Масъулини ҲНИТ мегӯянд, ин нома ва талаби Кумитаи дин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар паёми рамазонии худ ба анҷоми корҳои хайр даъват кард. Гузашта аз ин анъанаи оростани суфраи рамазонӣ ва баргузории намози таровеҳ дар қароргоҳи марказии ин ҳизб бори аввал нест ва аз замони раёсати Сайид Абдуллоҳ Нурӣ боқӣ мондааст: “Суннати баргузории маҳфилҳои нуронии рамазонӣ аз замони марҳум устоди бузургвор Сайид Абдуллоҳи Нурӣ то имрӯз ба мерос мондааст ва ҳамасола бо кӯмаки саховатмандону накукорон ба садҳо нафар ғизои моддиву маънавӣ дар ин моҳи муборак дода мешуду ба ибораи Президенти кишвар ин амали солеҳ ҷузъи фарҳанги миллиамон гардида буд. Аммо, дар таълимоти дини мубини Ислом барои хайркунанда мушкиле нест, мушкил ба касе ҳаст, ки монеъи кори хайр мешавад. Агар ният хос барои ризои Ӯ таъоло бошад, пас барои хайркунанда савобу аҷру подош низ аз ҷониби Ӯст”.
Мӯҳр
РАХМАТ БА КУМИТАИ ДИН АГАР ИНХЕЛ ХИЗБХОИ ФИТНАГАРРО ПЕШГИРИ НАКУНАНД БОЗ ВАТАНРО КЛЕТ МЕКУНАНД. РАХМАТ БА КУМИТАИ ДИН


Сабриддин
ХНИТ то кая тарсида мегардед? О як бор овоз бароварда НЕЕЕЕЕ гуед? Бо ин тахаммулатон якбора масхара шуда бурафтед.

чавоб ба хнит
Чойи намозу таробех масчид аст, на офис.
дар Душанбе масчид кам аст?
кори хнит кинои хазрати Юсуфро мемонад, ки пайравони кохинони маъбадро бо нону, хурмову дигар хурданихо ба гурухи худ чалб мекунанд.

САЛОМ ИН ҲИЗБИҲО ДИГА КОР НАДОРАН КИ ФАҚАТ НОМАҚУЛИ МЕКУНАН МА ҲАЙРОН МЕШАМ ДА ҲАМИ ВАЗИЯТ ЧИ ДАРКОРАЙ ҲАМИТАРИ ФИТНАГАРӢ.ДАР РУИ МАРДУМ ХОК МЕПОШАН. МАРДУМА ИФТОР ДАВАТ МЕКНАН БАД ГАПОИ МЕХОСТАГИШОНА МЕГАН. БАД АЙ МАМЕНТ ИСТИФОДА МЕКНАН МАРДУМА ЗИДИ ҲАМИ ҲУКУМАТ МЕШУРОНАН. АГАР ҲАМИҲО ДАР СОЛҲОИ 90 БА ТОҶИКИСТОН ҶАНГ НАМЕОВАРДАН ОЛИ ИВАҚТӢ ҲАМА ТИНҶБУД ҲАМА АРЗОНӢ БУД. ХАЙ АК БИЁ БАС КНЕН БАРОДАРОИ НАҲЗАТӢ ҲАМИ КОРОТОНА. МА ПЕШНИҲОД МЕКНМ КИ ТОҚА ДАСТАРХОНИ РАМАЗОНИШОНА НЕ БАЛКИ ДАСТАРХОНИ МИССИЯИ ҲИЗБИШОНАМ ҒУН КУНАН ДИГА МАРДУМА ҒАМ НАТАН. ОЗОДАГОН ООД БОШИ ЧОП КН НЕКИ АЙ НАҲЗАТИҲО БТАРСИ ХДТ МЕДОНИ.

Худочу
Ман ҳаргиз ҷонибдори Наҳзатиҳо набудаму нестам. Ба акидаи ман,Худо ҳизб надорад вай худаш ҳизб аст. Аммо дар ин моҳи муборак озор додани касе,гурӯҳе хуб нест На аз лиҳози динию на аз лиҳози дуняви. Монед, бародарон моҳи муборак барояд, баъд ба ҳамдигар сангпартои карда гардед. Медонам ки аз ҳарду тараф ҳам барои ин коратон нархи сангҳои партофтаатонро ҷуброн мекунанд..Биёенд як бор гуноҳҳои худро дар ин моҳ сӯзед!

Сарфароз
Ба Юсуф

Дониши сиёсию дини, ки надори, харчи ки дар дахонат омад гуфтан мегири. Магар намебини ки ФИТНАЯ ки сар кардестай. Дигар такрор ба такрор мегуйи ки рахмат ба Кумитаи дин.

Мухлис
Ман хам ба гуфтаи Худочу рози монед хамин мохи муборакро бе ранчондани хамдигар гузаронем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)