Бахшҳо

Чаҳордараи Афғонистон низ таҳти идораи Толибон қарор гирифт

Мақомоти маҳаллии вилояти Кундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, аз таҳти тасарруфи гуруҳи Толибон қарор гирифтани вулусволии Чаҳордараи худ хабар медиҳанд.

Муҳаммад Юусуф Аюбӣ, раиси Шӯрои вилоятии Кундуз дар суҳбат бо хабаргузории “Пажвок” гуфтааст, даҳҳо ҷангҷӯи Толибон шоми 20 июн дар пайи даргирие бо нерӯҳои давлатӣ тавонистаанд, вулусволии Чаҳордараро таҳти тасарруфи худ қарор диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло неруҳои давлатии Афғонистон то 4-километрии шаҳри Кундуз ақибнишинӣ кардаанд.

Амриддин Валӣ, узви Шӯрои вилоятии Кундуз дар ин ҳодиса ҳукумати Афғонистонро айбдор карда, афзудааст, “ҳукумати марказӣ ба дархости такрории мо, ки хостем, неруҳи иловагӣ фиристода шавад аҳамият надоданду бетаваҷҷуҳӣ карданд”.

Ғулом Муҳиддин, як масъули амниятии вулусволии Чаҳордара низ дар суҳбат бо “Пажвок” ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, ҷангҷӯёни Толибон дар баробари тасарруфи ин вулусволӣ шуморе аз васоити нақлиёт ва таҷҳизоти давлатиро низ соҳиб шудаанд.

Вулусволии Чаҳордара дар 10-километри 0арби шаҳри Кундуз ҷойгир буда, моҳҳои ахир ба саҳнаи даргириҳои шадиди неруҳи давлатии Афғонистон бо ҷангҷӯёни Толибон табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Афғонистон мегуфтанд, Толибон 65 дарсади ҳудуди Кундузро ба тасарруфи худ даровардааст.
Мӯҳр
Фаррух
Тахти ишгол гуфта шавад на идора. хар чо саллаву фаш аст идора намекунад ишгол мекунад ва 14 аср пеш хам бо хамин рох пеш рафтанд ва имруз дар гили худ фуру монданд ва рузгораш ру ба табохи менихад то тухмаи Заххокиён дар ин замини зебо пок шавад

мусалмон
Ба фарух дар точикистон як е ду сол чанг шуд 22 сол шуд ки мегуен мо нав аз чанги шахрванди баромадем. Офарини афгонхо намегуи ки чанд сол русхои бародарот ва амрикоихои хамдинат чи кадар мардуми мазлуми афгонро бомба борон карда истодаанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)