Фурӯшандаҳои “Шоҳмансур”: Нарх арзон, савдо кам аст...
Тоҷирони бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт мегӯянд, имсол дар остона ва рӯзҳои моҳи Рамазон нархи маҳсулоти хурокворӣ гарон нашуд, аммо харидорон рӯз аз рӯз камтар мешаванд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола мардум шикоят мекунанд, ки дар пешорӯи моҳи Рамазон тоҷирон нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро гарон мекунанд. Дар рӯзи ҳаштуми рӯзадории мусалмонҳои кишвар хабарнигори “Озодагон” аз бозори “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе дидан кард. Бархе аз фурӯшандаҳои бозор дар суҳбат бо хабарнигори мо гуфтанд, арзиши маҳсулот дар қиёс ба як ҳафтаи қабл тағйир наёфтааст, аммо мегӯянд онҳо ин Рамазон теъдоди харидорон нисбат ба Рамазонҳои гузашта коҳиш ёфтааст.
Рустам Исмоилов, як гӯштфурӯши бозори “Шоҳмансур” мегӯяд, дар моҳи Рамазон нархи гӯштро на гарон, балки 20 дарсад арзон кардааст: “Ҳарчанд бар бораи арзон кардани нарх қарори раиси шаҳри Душанбе аст, аммо мо худамон ҳам ният доштем, ки арзон мефурӯшем. Маъмурияти бозор гуфт, арзон кунед, мо арзон кардем”.
Расулҷон Ҷабборов, тоҷири дигар ҳамин бозор низ гуфт, нархи маҳсулот дар қиёс ба Рамазони соли гузашта арзон аст, “агар дар соли гузашта нархи гӯшт аз 36 то 40 сомонӣ буд, имсол аз 32 то 36 сомонӣ аст”.Бо вуҷуд, бештари фурӯшандаҳо аз кам будани харидор шикоят карданд: “Агар дар моҳҳои қабл то бегоҳ дар дуконҳо гӯшт намемонд, ҳоло он боқӣ мемонад. Сабабаш ин аст, ки мардум ба гӯштхарӣ кам меоянд”.
Аммо харидорон мегӯянд, нархҳо барояшон дастнорас ҳаст. “Нархи маҳсулот, аз ҷумла гӯшт арзон нест. Нисбат ба баҳори имсол ҳоло нарҳо қимматтар шуданд”,-гуфт як сокини пойтахт. Санавбар Маҳмудова, харидори дигар низ дар тақвияти ӯ изҳор дошт, “нархо қиммат аст, аммо чӣ илоҷ кунем, бояд як чӣ харида ба хона барем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |