Бахшҳо
30 июн 2015 17:42Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раёсати нави Бонки Миллӣ 197 кормандро ихтисор мекунад

Раёсати нави Бонки Миллии Тоҷикистон сохтори нави ин ниҳодро тасдиқ кардааст, ки тибқи он 197 корманд ихтисор хоҳанд шуд.

Тавре аз Бонки Миллии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, сохтори нав дар ин ниҳод аз 1-уми сентябри соли равон мавриди амал қарор хоҳад гирифт: “Дар пайи ҷорӣ намудани баъзе дигаргуниҳо дар сохтори Бонки миллӣ шумори воҳидҳои хизматчиёни Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон ба миқдори 130 воҳиди корӣ ва шӯъбаҳои минтақавии он ба миқдори 67 воҳиди корӣ, дар маҷмуъ 197 воҳиди корӣ ихтисор карда мешаванд”.

Ба иттилои манбаъ сохтори нав ва таҷдидгардидаи Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 1 сентябри соли равон бо 31 адад воҳиди сохторӣ, бо 492 воҳиди корӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва 306 воҳиди корӣ дар Шуъбаҳои минтақавӣ ба кор шуруъ хоҳад кард: “Инчунин бар асоси қарори Раёсати Бонки миллӣ бояд тамоми кормандони бонк аз Комиссияи санҷиши тахассусӣ гузашта, сатҳи баланди дониш ва малакаи касбии худро бори дигар тасдиқ намоянд”.

Раёсати Бонки Миллӣ ҳадаф аз ин иқдомро ба танзим овардани сохтор ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ин ниҳод арзёбӣ мекунад.
Мӯҳр
Салмон
Раис Шумо фоизх,ои к,арзиро аз 36 ба 5 то 10 фоиз солона ихтисор мекардед хуб мешуд ва аз х,исоби зиедшавии мизоч,он даромади гаронбах,о ба даст меоред...

Аз ихтисор гардидани 197 нафар бояд ашк резем на хурсанди карда, ба Чаноби Оли хисобот дихем, чунки дар ин мохи шарифи Рамазон ва омад-омади ид чандин оилахо бемаош ва боз кашшоктар мешаванд, наход хаминро тахлил накарда боз шарм накарда хисбот диханд

Илтимос, алами Исоро аз Мусо нагиред, зуратон ба рохбарони аввали бонк намерасаду, кормандони одди чи гунох доранд, ки бо онхо ин тавр рафтор мекунед. Инсоф кунед бародарон, боз халки тоҷикро мухтоҷтару камбағалтар карда, нисбати роҳбари давлат меангезонед, дар холате, ки ба Шумо бовари кардаанд бояд баръакс эҳтироми халқро нисбат ба давлатдории ҳозира зиёд намоед, ба куҷо рафта истодаем?

Суханони Салмонро дастгири намуда, бехтар мешуд, ки масъалаи асъорро ба танзим медаровардеду, фоизҳои қарзиро ихтисор менамудед, дар он сурат ба Шумо тамоми халқ раҳмат мегуфт!

Франко- Гарми
Корро аз карзгири шуруь карданд, ки окибаташ ба хайр бошад. Значит ягон гап хаст, ин хел саросемавор пул чамь карда истодаанд???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)