Бахшҳо
14 июл 2015 11:44Тоҷикистон / Сиёсат

Муовини вазир дар ифротгароии ҷавонон ҷанги шаҳрвандиро “гунаҳкор” донист

Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон нооромии солҳои 90-уми кишварро заминаи пайдоиши ифротгароӣ миёни ҷавонон дониста, муҳоҷирати меҳнатиро низ яке аз омилҳои гароиши шаҳрвандон ба сафи ҳаракатҳои террористӣ хонд.

Оқои Аламшоҳзода рӯзи 14 июл дар Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ-ифротгароӣ" дар шаҳри Хоруғ гуфт, яке аз заминаҳои пайдоиш ва шомилшавии бархе аз шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро аз муковиматҳои шҳхрвандӣ ва давраи бесарусомонии солҳои 90-ум сарчашма мегирад.

Ба гуфтаи муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар пайи ин ҳаводис шумори зиёди ҷавонону наврасони ноболиғи тоҷик барои гирифтани таълимоти динӣ ба таври ғайрирасмӣ озими кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Эрону Покистон, Ироқ, Миср ва Афғонистон шуда, “аз уламои динии ифротгарои исломии ин кишварҳо таълимот гирифта, бо адабиётҳои динӣ ва ҷараёнҳои бегона ошноӣ пайдо кардаанд ва қисми зиёди ин ҷавонон барои паҳн кардани ақмдаҳои тундрав аз ҷониби гуруҳҳои ифротгароии ин мамлакатҳо ба сифати тахрибкор ҷалб шуданд”.

Аламшоҳзода таъкид кардааст, вазъи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вақтҳои ахир ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолият, иқтидор ва аъзоёни худ, аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода бурда истодаанд: “Махсусан, таҳлилҳои омории ахир нишон медиҳанд, ки ҷавонони тоҷик, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ба доми фиреби чалбкунандагони гуруҳҳои ифротӣ дар қаламрави Русия афтида, бо ҳар роҳ ба давлатҳои Сурия ва Ироқ мераванд”.

Мӯҳр
Дуруст аст. Чанги шахрванди дар баробари дигар зарархо ба мафкураи халк низ таъсири манфи расонид,ки зарараш то хол маълум аст. Агар хамин ХНИТ-у мухолифин намебуданд холо Точикистон давлати пешрафта мешуд.

Вакти чанги шахрванди ХНИТ аз вазъи гурезагон истифода бурда, чавонону наврасонро ба давлатхои исломи гурух-гурух равон мекард. Окиьат чи шуд, аксарияти онхо ифротгаро шуданд ва ба сафи худ дигар хамсолони худро чалб намуда истодаанд. ХНИТ ба миллат хамин кадар "хизмат" кардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)