Бахшҳо
20 июл 2015 14:30Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сели нав, оббандии 15 дақиқаина ва қуръапартоӣ барои 6 ҳисса замин

Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Бадахшон мегӯяд, шаби гузашта тақрибан соати 1:00 дақиқа дар деҳаи Барсеми ҷамоати Сучон дар пайи фаромадани такрории сел маҷрои дарёи Ғунд тайи 15 дақиқа баста шуд.

Ба иттилои манбаи “Озодагон” селфароии нав ба сокинон ва хоҷагии қишлоқ зараре нарасонд, зеро дар пайи чорабиниҳои фаврӣ роҳи оби Ғунд боз карда шуд ва ҳоло дарё ба маҷрои худ ҳаракат мекунад.

Инчунин ба иттилои мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ феълан дар машқгоҳи ҳарбии деҳаи Манеми ҷамоати деҳоти Сучон корҳои омодагӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ба 72 оила идома доранд: “Пас аз анҷоми омодагӣ ва тақсими замин ба қисматҳо қуръапартоӣ сурат мегирад. Ба ҳар оила 6 ҳисса замин ҷудо карда мешавад”.

Дар назар аст, ки мақомоти Тоҷикистон барои осебдидагони сел дар ҷамоати Сучони водии Ғунд як шаҳраки нав бо меъмории хоси Бадахшон бунёд хоҳанд кард.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар пайи сефароӣ ва оббандии 16-уми июл дар деҳаи Барсем 41 хона, дар деҳаи Бердибекобод 3 хона ва дар деҳаи Колхозобод 12 хонаи истиқоматӣ пурра зарар дидаанд: “Инчунин бар асари ин офати табиӣ 1 мактаб, 6 мағоза, 1 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2,5 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаи Хоруғ-Мурғоб, 2 километр роҳи аҳамияти маҳалидошта, 2 километр хатти интиқоли барқи баландшиддати 35 квт, 2 километр хатти интиқоли шиддатноки 10 квт, 5 адад мошинсарой, 3000 адад дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, 6 адад автомашина, 6 адад ҷуйбори обёрикунанда, дар деҳаи Барсем ба масофаи 250-300 метр, 1 адад ҷуйбори обёрикунанда дар деҳаи Бердибекобод ба масофаи 950 метр, 2 адад пули пиёдагард ва 2 адад пули мошингузар пурра хароб гаштаанд”.

Тибқи ҳисобҳои пешакии Кумита зарари ин сел ҳудуди 19 миллиону 353 ҳазор сомониро ташкил додааст. Манбаъ афзуд, зарари асосӣ баъди канда шудани садди обанборе, ки дар пайи фаромадани сел ба вуҷуд омад, расонда шудааст: "Феълан вазъ дар ҷои ҳодиса муътадил буда, сатҳи об поин фаромадааст".

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Бадахшон эълон намуд, ки бо фаъол гардидани нерӯгоҳҳои барқии вилоят насосҳои обкашонӣ низ фаъол гардида, таъмину обу барқ барои сокинон барқарор шуд: «Бо назардошти рафти корҳои барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ нерӯи барқ ба аҳолӣ дар як шабонарӯз 14 соат ва ба ташкилоту муассисаҳои иҷтимоӣ ва идораҳои давлатӣ пурра дода мешавад».

Ваъдаи мақомоти Тоҷикистон барои таъмини осебдидагон бо хона дар ҳолест, ки бархе аз коршиносони маҳаллӣ аз эҳтимоли такрори тақдири бошандагони деҳаи Риддеҳи ноҳияи Рӯшон нигаронанд, ки чанд соли пеш дар пайи фаромадани сел ба ҷои нав кӯчонда шуданд, аммо шароити хуб барояшон муҳайё нашуд. Феълан вазъ дар водии Бартанг, ки дар поёноби кӯли Сарез қарор дорад, нигаронкунанда арзёбӣ мешавад ва рафтуомад ба ин водӣ ба далели зери об мондани қисми зиёди роҳ қатъ гардидааст.
Мӯҳр
Аброр
Бародарони Бадахшӣ Шумо дар ин Рӯзҳои сахт танҳо нестед. Мо тамоми мардуми Тоҷикистон дуогӯйи ҷони Шумо ҳастем. Шукре ки талафоти ҷонӣ ба сар наомад. Дигар моли дунё ёфт мешавад. Сарбаланд бошед, мардуми накуном ва ноумедӣ насиби шайтон бодо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)