Бахшҳо

Интиқоди Убайдуллоев аз “Чағатай”: Бархе маҳаллаҳо номи душманонамонро доранд...

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, имрӯз, 21-уми июл зимни ҷаласаи ин ниҳод хостори иваз кардани номҳои ғайритоҷикии бархе аз маҳаллаҳо дар кишвар шуд.

Убайдуллоев зимни ба овоздиҳии Маҷлис мондани қарор дар бораи тағйири номи бархе аз маҳаллаҳо дар навоҳии Файзобод, Варзоб, Ваҳдат ва Вахши вилояти Хатлон изҳор дошт, ки иқдоми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои тоҷикӣ кардани номи бархе маҳаллаҳо саривақтист. Ӯ аз ҷумла маҳаллаи “Чағатай”-и Варзобро зикр карда афзуд, “магар дар дунё дигар ном нест. Баъзан маҳаллаҳо бо номҳое гузошта шудаанд, ки душмани ашадии мо буданд. Чунин номҳоро ҳар чӣ зудтар тағйир додан даркор аст”.

“Чағатай”, ки мавриди интиқоди Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор гирифтааст, писари Чингизхон мебошад, ки баъди истилои муғул дар сарзаминҳои тоҷикнишин ҳукмронӣ карда, заминҳо аз Шинҷон то Самарқанду Бухороро аз падар мерос гирифтааст.

Маҳаллаи “Чағатай”-и Варзоб акнун бо ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон ва Маҷлиси Миллӣ номи “Шодоб”-ро гирифта, дар баробари он номи 30 маҳаллаи дигар дар навоҳии Файзобод, Варзоб, Ваҳдат ва Вахш иваз карда шуданд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарори ҳукумати кишвар пешниҳоди вакилони ноҳиявию вилоятиро барои тағйири номи бархе маҳаллаҳо дар навоҳии Вахш ва Варзоб дастгирӣ карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони кишвар пешниҳод карда буд. Тибқи қарори имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон номи деҳаи “Ленинград”-и ҷамоати “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ба “Зархез” ва номи деҳаи "50-солагии Комсомол” ба “Чорбоғ” иваз мешавад: “Инчунин дар ҷамоти деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш номи деҳаи “Перепадная” ба “Шаршара” ва номи деҳаи "Сафедов" ба "Сафедоб" иваз мешавад. Деҳаи “1-Май” номи “Нуробод” ва дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати Вахш деҳаи “Қараланг” ба “Деҳқонобод”, “Қизилтумшук” ба “Файзбахш” деҳаи “Янгиобод” ба “Истиқлол” ва “Яккадин” ба “Гулбоғ” иваз карда мешаванд".

Бо қарори ҳукумат дар ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш деҳоти “Қушқудук” ба “Иттифоқ”, “Томчи” ба “Лолазор”, “Куйканак” ба “Меҳробод”, “Қазоқон” ба “Пистазор”, “Дунгизадир” ба “Баракат”, “Қучқорбулоқ” ба “Офтобрӯя”, “Учбулоқ” ба “Сечашма”, “Қарабодом” ба “Гулибодом”, “Тераклитоғ” ба “Орзу” ва номи деҳаи "Тошробод” ба “Дустӣ” иваз мешавад.

Инчунин ҳукумати Тоҷикистон тағйири номи бархе аз маҳаллаҳои ноҳияи Варзобро низ дастгирӣ кардааст: “Аз ҷумла дар ҷамоати Чорбоғ номи деҳаи Муғулои поён ба “Меҳробод”, “Чағатай” ба “Шодоб”, “Чормағзакони тоҷик” ба “Чормағзакони боло”, “Чормағзакони узбек” ба “Чормағзакони поён”, “Тойқара” ба “Гулбоғ” иваз мегардад”.

Дар баробари ин бо қарори ҳукумат деҳаи Қулмаҳмадии ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ номи “Яккачашма"-ро мегирад.
Мӯҳр
999
Саломат бош чаноби Убайдуллоев!!!

ismoil
Шояд вакти он расидааст ки бо хамин пасванди туркии "чӣ" низ падруд гуем. Ангор мутахассисони Кумитаи забон ва истилохот аз пасвандҳои забони форсии точикӣ хабар надоранд. Оё намешавад ба чои самбочӣ, дзюдочӣ, хизматчӣ, сохтмончӣ ва гайра бо истифода аз пасвандхои забонамон самбокор ё самбогир, дзюдогир, хидматкор, бинокор нависем?

қарақалпоқ
Ҳаму мардуми қишлоқ иваз кнен беҳтарш, ҳами қадар сол хов бдиян.

Салом ман як савол дорам оё номи Шахри Вахдатрохам иваз мекунанд

Ба ман чавоб гуед

Офарин! Бояд ин корро барвактар мекардед, ин номхоро талафузашон хам дагал аст!

Икдоми саривакти, лекин ин масъала маблаги зиёдро талаб мекунад. Хуб мешуд баъд аз кризис ин корхоро анчом диханд. Боз бисёр дарьёхоро бо забони точики гардонанд хуб мешавад. Масалан: Яхсу, Кызилсу, Карокул, Яшилькул, Муксу ва хоказо.

фарзона
ШУРООБОДА КАЙ ИВАЗ МЕКУНАНД

Рост
Чи маблагро бехуда сарф мекунед? Охир аз ивази ном хуни ахолии ин маконхо иваз намешавад! Хамон мугулу турк мемонанд.

Мачид
Илтимос Мамадсаид Убайдулоевич, хамин Дашти Чумро ба Дашти Хучум номгузори кунед, чаро ки Чум маъни надорад.

номхои таърихиро иваз накунед ман мефахмам ки шумоен бо ин рох мехохед дар оянда номатонро дар таърих бимонед . бале бимонед на бо ивазкунии номхо. балки бо хидмат ба халк бимонед.

Точик
ismoil,
Пешниходи оличаноб ва саривакти, бародар Исмоил.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)