Бахшҳо

Эргашев иҷрокунандаи сармураббии яккачини футболи Тоҷикистон шуд

Мубин Эргашев, сармураббии 41-солаи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин шудааст.

Тавре Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, акнун ин мураббии “Истиқлол” яккачини кишварро ба бозиҳои даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 омода хоҳад кард. Ба иҷрокунандаи сармураббии тими яккачини кишвар расидани Мубин Эргашев дар ҳолест, ки чанд ҳафта пеш Муҳсин Муҳаммадиев дар пайи нокомии тими миллӣ дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 аз мақоми худ истеъфо дод.

Ба иттили ФФТ, Мубин Эргашев дорои таҷрибаи хуби сармураббигӣ буда, соли 2013 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон таъин шуда, таҳти раҳбарияш як бозии дӯстона бо яккачини Афғонистон доир гардид. Ин қувваозмоӣ 3:2 ба фоидаи Тоҷикистон хотима ёфта буд.

Федератсияи футболи кишвар мегӯяд, ёвари Эргашев дар тими миллии кишвар Роман Пилипчук, мураббии 48-солаи укроинӣ таъин шуд, ки дорои дараҷаи мураббигии “Pro” мебошад. Ба ҳайати мураббиёни тими миллии кишвар инчунин ду ёвари Эргашев аз дастаи “Истиқлол” -- Аслиддин Ҳабибуллоев ва Никола Лазаревич шомил шудаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)