Бахшҳо

Пешниҳод барои тағйири номи “Тоҷиксуғурта” ва 646 ҳазор кӯмакпулӣ ба селзадаҳо

Раҳбарияти корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” пешниҳод кардааст, ки номи ин корхона тағйир дода шавад.

Аловиддин Сатторӣ, раиси “Тоҷиксуғурта” имрӯз, 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки номи корхонаи зертобеяш ба “Бимаи миллии Тоҷикистон” иваз карда шавад.

Раиси “Тоҷиксуғурта” кишварҳои ҳамзабони мо-Эрону Афғонистонро мисол овард, ки ба ҷои суғурта калимаи бимаро истифода мекунанд ва корхонаҳои марбутаашон низ “Бимаи миллӣ” ном доранд.

Дар мавриди дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои кӯмак ба осебдидаҳо аз сел раиси “Тоҷиксуғурта” изҳор дошт, ки дар рӯзҳои аввал 490 ҳазор сомониро ҷамъоварӣ карда, ба селзадаҳои Бадахшон равон кардаанд: “Дар умум барои осебдидаҳо дар ҳамаи минтақаҳо 646 ҳазор сомонӣ кӯмак кардем. Ба оилаҳое, ки пурра зарар диданд, 4 ҳазор сомонӣ ва онҳое, ки қисман зарар диданд, ду ҳазор сомонӣ расондем”.

Раиси “Тоҷиксуғурта” таъкид намуд, ки кӯмакпулӣ сарфи назар аз он, ки зарардидаҳо бо ин корхона шартнома доштанд ё на, ироа гардид.
Мӯҳр
Точики нав
Магар сугурта калимаи туркист? Аз бима иваз намудани он ягон бехбуди мешавад, магар? Поятонро ба афгониву эронихо дароз накунед - ако. Боз садхо хахор сомонро обу лой мекунед, ки хуччатхоятонро иваз кунед

Ба хама офатзадагон новобаста ба шартномаи сугурта доштанашон баробар маблаг чуброн карданатон мутлако нодуруст мебошад. Агар аз нигохи маънави ин кор кобили кабул ва савоб бошад хам, аз нигохи хукуки ривоят надорад. Холо хам дер нашудааст, ба Хукумат бо пешниход бароед, ки сгуртаи хатмии манзили истикомати ва хаёт дар тамоми манотики кухистони Точикистон чори карда шавад. Ин номи шумо "бима" мешавад ё дигар барои мардум ягон ахамияти мохияти надорад.

Мухтарам Раис наход дар забони бои точики шумо номи корхонатона наебе бо рубардор аз ирону афгонистон шарм намедоре

Пешниҳоди хуб. Боз ҳам хуб мешуд агар бо ҳамзабонони берунӣ дигар калимаҳо ҳам яксон мешуданд, масалан мо Хитой мегуем, аммо эрониҳову Тоҷикони афғонистон Чин мегуянд...

Дастон
Хайрият. Забони мо Форсй мебошад, туркй не. Чипта- и туркй хам нест кунед, Билет мегуфтему мегуем.

Мӯҳтарам Раис, дурӯст қайд кардед... Нигаред ба Луғати тоҷикиву руссӣ.... Суғур ба забони Русси-Сурок ин номи ҳайвон аст. Страх-тарс, ҳарос, ваҳму хавф бинед Русҳо аз ваҳму тарсу хавф худро Бима мекунад на аз Суғур, ки ин номи ҳайвон аст..
Бим- страх, испуг; боязнь; опасение; ~ бояться, опасаться.
Нигаред ба луғати забони тоҷикӣ..

Сарзада
Мухтарам раис!Мо сад дар сад розием ва агар хохед,овоз хам медихем!Факат як илтимос дорем,ки хамаи он харочотхое,барои азнавкунии хуччаххою мухри корхона сарф мешавад,аз чайби шумо пардохт карда шавад,на аз хисоби давлати бе ин хам аз чихати иктисодй поинрафта ва мардуми кашшоки точик!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)