Бахшҳо

Э.Раҳмон имзо гузошт: Тоҷикистон дигар литсейи туркӣ надорад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарори ҳукумат дастур додааст, литсей-интернатҳои муштараки тоҷикию туркиро ба муассисаҳои давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» табдил дода шаванд.

Тибқи қарори имзонамудаи Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таълимии «Литсей -интернати муштараки тоҷикию туркии ба номи Ҳоҷи Камоли шаҳри Душанбе», «Литсей -интернати муштараки тоҷикӣ -туркии иқтисодии Душанбе», инчунин литсей -интернатҳои муштараки тоҷикию туркии шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб ва ба номи Ҷалолиддин Румии шаҳри Қӯрғонтеппа бо нигоҳ доштани иншооти мавҷуда, воҳидҳои кории амалкунанда ва бо тартиби худмаблағгузорӣ мутаносибан ба Муассисаи давлатии таълимии /МДТ/«Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе”, МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе”, МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд”, МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода”, МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Қӯрғонтеппа”, МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб” табдил дода мешаванд.

Раиси ҳукумати Тоҷикистон Вазорати маориф ва илмро муваззаф кардааст, ки масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаҳои зикршударо ҳал намояд. Ҳукумати Тоҷикистон инчунин Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 авгутси соли 1994-ро, ки заминаи ҳуқуқии фаъолияти литсейҳои туркӣ буд, аз эътибор соқит карда, масъалаи ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супоридани биною иншоот ва дигар амволи муассисаҳои зиркшударо ба дӯши Вазорати маориф ва илм вогузор кардааст.

Қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз поён ёфтани шартномаи фаъолияти литсейҳои туркӣ, ки таҳти пуштибонии ширкати “Шалола” дар кишвар фаъолият мекунанд хабар дод ва баъдан масъалаи тағйири номгузорияшонро ба миён гузошт. Ба иттилои ин ниҳод “Шалола” дорои 6 литсей дар Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанд буда, инчунин литсейи байналмилалии Душанбе низ ба он тааллуқ дорад.

“Шалола” ба ҳаракати “Хизмет”-и рӯҳонии фирории турк Фатҳуллоҳ Гюлен марбут дониста мешавад, ки феълан аз ҷониби ҳукумати Раҷаб Эрдуғон дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтааст. Қаблан расонаҳои туркӣ навиштанд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз мақомоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон хостааст, то мактабҳои Гюленро банданд, аммо вазири маорифи Тоҷикистон ин иттилоъро рад намуд.
Мӯҳр
Behtarin ammo kame der kardand.

Аллоҳ Бузург Аст, як коре карда ҷавонони ояндаи мо бе маърифат намонан шуд. Бовари дорам, ки Раиси Ҷумҳур ба таълим аз ҳама пеш этибор медиҳанд. Ба ҳамаамон ба хайраш насиб бошад.

Максад аз манъ намудани "Литсей -интернати муштараки тоҷикию турки" дар чи бошад ???

Ии карори Хукумат подархаво менамояд-ку. Матни пуррашаро якбор дидан даркор. Муассисахои таълимии турки, ба фикрам, хусуси буданд, яъне шакли моликияти онхо давлати набуд. Чи тавр онхо якбора ба муассисахои давлати табдил дода мешудаанд? Боз бо карори хукумати)))) Ин чо хукукшиносони Дастгох ва Вазорати маориф каме телба шудаанд.. Хеле бахснок...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)