Бахшҳо
11 авг 2015 17:24Қирғизистон / CV

Ҷавонони мазҳабии қирғиз метавонанд, ба хидмати ҳарбӣ нараванд

Шаҳрвандоне, ки ин кишвар имкон медиҳад, ба хотири эътиқоди мазҳабияшон ба хидмати ҳарбӣ нараванд.

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон зери қонуне имзо гузоштааст, ки ба шаҳрвандони ин кишвар имкон медиҳад, ба хотири эътиқоди мазҳабияшон ба хидмати ҳарбӣ нараванд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Қирғизистон, ин афрод танҳо бар ивази пардохти маблағи муайян аз адои хидмати ҳарбӣ озод хоҳанд шуд.

Қонуни нави Қирғизистон дар бораи хидмати ҳарбӣ ба шаҳрвандони ин кишвар, ки узви иттиҳодияи динии расмӣ ҳастанду истифодаи силоҳ ва хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ мухолифи арзишҳои диниашон аст, имкон медиҳад, бо пардохти 25 ҳазор сом ё ҳудуди 600 доллари амрикоӣ ба хидмати ҳарбӣ нараванд.

Ин қонун замоне аз сӯи Алмосбек Отамбоев имзо шудааст, ки дар гузашта ҳолатҳои саркашии шаҳрвандони Қирғизистон аз рафтан ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ба хотири эътиқоди мазҳабӣ мушоҳида шудааст.

Муаллифон ва ташаббускорони қонуни мазкур гуфтаанд, он ҳеч гуна паёмади манфии иҷтимоӣ надорад ва афроде, ки бо пардохти маблағи муайян аз адои хидмати ҳарбӣ озод мешаванд, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Мӯҳр
25000 сом баробар аст ба такрибан 2500 сомони аз кучо 600$ хисоб кардан 375$ такрибан мешавад

Дар ЧТ низ шояд чунин конун манфиатовар бошад,зеро аксарияти чавонон дар баъзе холатхо саркаши дар хизматро пеша намудаанд.

Дар Точикистон кабули чунин конун шояд ба манфиати кор хохад бошад.

Афсар
Ба фикрам ин маблаг хеле кам мебошад, 6000$ мекарданд бисер хуб мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)