Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Русияву Финландия
Мақомоти марзбонии Санкт- Петербурги Русия аз боздошти як шаҳрванди 27- солаи Тоҷкистон бо иттиҳоми қасди убури ғайриқонунии марзи Русия бо Финландия хабар додааст.
Расонаҳо аз қавли шӯъбаи марзбонӣ дар Санкт-Петербург навиштаанд, ин шаҳрванди Тоҷикистон аснои бозпурсӣ гуфтааст, ба наздикӣ аз маҳбас берун шуда, бо худ ягон ҳуҷҷати лозим надорад ва ҳатто маълумономаи маҳбасро низ дар мавриди раҳо шуданаш гум кардааст. Ӯ гуфта, дар пайи ҷустуҷӯи макони мувофиқ барои оббозӣ роҳро гум кардааст.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, дастгиршуда тайи 11 соли ахир дар Русия сипарӣ кардаву забони русиро хуб балад будааст: “Ӯ мехостааст баъди раҳоӣ аз маҳбас зиндагии тозаеро дар Финландия оғоз кунад”.
Ба иттилои манбаъ, нисбати вай дар асоси моддаи 30 қисми 1 ва 3-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парванда боз шуда, дар сурати исботи гуноҳ ӯро то ду соли зиндон ё 200 ҳазор рубл ҷарима, инчунин ихроҷ аз қаламрави он кишвар интизор аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |