Бахшҳо

Ҳукумов бо “БМВ-523”-аш беш аз 14 ҳазор ҷарима шуд

Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷарима шудани Ҳукумов Асрор Нуруллоевич ба маблағи беш аз 14 ҳазор сомонӣ хабар доданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД, Ҳукумов, соҳиби мошини “БМВ-523” давоми тақрибан як сол 53 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро нақз кардааст, ки аз сӯи дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд.

“Оид ба 53 далели қоидавайронкуниҳои Ҳукумов ҳангоми ҳаракат дар роҳ, расмҳои сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаҳои намунаи муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳиби воситаи нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда шудааст”,-афзудааст манбаъ.

Дафтари матбуоти ВКД таъкид кардааст, Ҳукумов баъдан маблағи ҷаримаро тавассути бонки “Амонатбонк” ба буҷаи давлат интиқол додааст.

Ҳарчанд ВУД аз ин бештар маълумот надодааст, вале ин бори дуюм аст, ки номи Ҳукумов Асрор Нуралиевичи 23-сола сархати расонаҳои хабарӣ қарор мегирад. Бори аввал номи Ҳукумов Асрор Нуралиевич ба унвони бародарзодаи Амонулло Ҳукуматулло, раҳбари пешини ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” баъд аз садамаи маргбори шаби 9 октябри соли 2013 дар маркази Душанбе матбуотӣ шуд.

Дар оғоз мақомот гуфтанд, ин садама, ки ҷони се нафарро гирифту чаҳор тани дигарро маҷруҳ кард, бо айбди Асрор Нуруллоевич Ҳукумов рух додааст. Аммо баъдан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, мошине, ки бо он садама рух додаву дар паяш ин афрод ҷон додаанд, ба Расул Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло тааллуқ дошта, вале пушти фармони он шаби 9 октябри соли 2013 Умар Шарифов, ки то ҳол шахсияти ӯ номаълум аст, нишаста буд.
Мӯҳр
7 ташхис
Шахсияти Умар Шарифов хануз хам муайян нашудааст. Э канд занед кормандони сохторхои кудрати. Чунин шахс ба фикрам умуман вучуд надорад. Мухтарам вазир, кани 7 ташхис карда, уро пайдо кунед чи?!

Ман шубха дорам ки вай маблаги чаримаяшро супорид... кани ягон далел вучуд дорад? Дафтари матбуоти ВКД такид кард вай супорид? Ин ранги хамон чанд-карата 'экспертизхо' и ВКД..

Мо кормандони БДА дида баромадем аз баски чангу губор доштани дурбинх,о, яъне камерах,о оë х,амон Бенве х,аст ë не ба хулосае омадем,ки 25 сомону 50 - дирам ч,арима карда шаваду озод карда шавад.

ш Душанбе
Масъулини Вазорати умури дохилии....шумо бо хамин шахри бехатаратон дар дили хал ,мардум заден....охир мардуми бечорарро ба кадом холашон инкадар сум месупоранд...Ё инки махсус кардестен, ки хал баромада раванд дигар мошин савори накунанд...биёед монед дар хамин бурхони молиави ...аз пеш зимистони бузург аст монен мо захираи зимистона кунем ...охир кор нест маоши халлол нест ба , ки мурочиат кунем...коркунони БДА -бошад мегуянд, ки мода фарке надорад шахри бехатар ...

Хонанда
"... мошине, ки бо он садама рух додаву дар паяш ин афрод ҷон додаанд, ба Расул Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло тааллуқ дошта, вале пушти фармони он шаби 9 октябри соли 2013 Умар Шарифов, ки то ҳол шахсияти ӯ номаълум аст, нишаста буд."
Аз ин дида чизи қизиқтаре нахонда будам.
Ҷаноби Вазир, о 7 ташхис чӣ шуд?

sanyk
Ман хайрон мешавам ба хамин кормандони "Шахри бехатар", охир хар мох намешавад,ки вайронкунандагони коидахои бехатарии рохро ба кавле реестр карда ронандандагони воститаи наклиетро огох кунанд. Магар ин камерахо факат барои чаримабанди васл карда шудаанд, е барои пешгири конунвайронкунии коидахои рох. Агар сари вакт ин шахс огох мешуд мумкин буд, ки дигар хатогиашро такрор намекард. Фарз кардем ин шахс доро будасту аз ухдаи супоридани чари ма баромада тавонистааст, агар ба чойи ин ягон камбагале, ки бо як азоб риски фарзандонашро ба воситаи мутари шахсиаш дареб мекунад мебуд чи кор мекард. О камакак инсоф кунед бо маътали точики: илочи вокеъа пеш аз вокеъа гуфтаанд на баракс.

рустои
не ки хай мардакада часпидаед да..., хай охи айби бачаш боша вай да чи,

Забоншинос
Дар чумлаи охирин омадааст " ... пушти фармони он шаби 9 октябри ... ". Калимаи "пушти фармон" чи маъни дорад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)