Бахшҳо

(ВИДЕО) Масъули Вазорати нақлиёт: Ба Иттиҳоди гумрукӣ рафтани Бишкек таъсири худро расонд

Масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шудани Қирғизистон алакай таъсири худро ба кишвари мо расонидааст.

Қурбон Саидов, сардори Раёсати нақлиёти роҳи заминии Вазорати нақлиёт, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Тоҷикистон дигар наметавонад молу колои худро тавассути гузаргоҳи марзии Иркештам, ки дар сарҳади Чин бо Қирғизистон вокеъ аст, интиқол бидиҳад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, интиқоли коло тавассути ин гузаргоҳ роҳро кутоҳ мекунад: “Аз 14-уми августи соли ҷорӣ Ҷумҳурии Қирғизистон аъзои комилҳуқуқи Иттиҳоди гумрукӣ гардид ва шурӯъ аз ҳамон сана дар нуқтаи сарҳадии Иркештам, ки дар сарҳади Чин ва Қирғизистон воқеъ аст, интиқоли молу маҳсулоти давлатҳои аъзои ин иттиҳод набуда ба сарҳади кишварҳои шомили ин иттиҳод иҷозат дода намешавад. Ин боиси он шуд, ки мо дигар борҳои худро тавассути ин сарҳад гузаронида наметавонем”.

Ӯ мегӯяд, ҳоло барои интиқоли молу коло аз роҳи Қулма тавасути Мурғоб, Хоруғу Кӯлоб истифода мебаранд: “Ҳарчанд роҳ дур аст, аммо роҳи худамон аст ва дар оянда рушд мекунад”.

Ба қавли оқои Саидов, интиқоли молу коло бо роҳи дароз таъсири худро ба арзиши маҳсулоти воридшаванда мегузорад: “Аз Қулма тавасути Карамик 787 километрро ташкил медиҳад. Аз Қулма тавасути Хоруғ – Душанбе 1187 километр аст”.

Ин масъули Вазорати нақлиёт ба хисороти офати табиии ахир низ дахл карда гуфт: “16-уми июл бар асари офати табиӣ дар қисмати шарқии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Шуғнон роҳи автомобилгарди байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Қулма дар километри 630-ум то 640-ум дар масофаи 4 километр зери об монда, як кӯл низ дар ин мавзеъ корношоям гардид. Ин сабаби муваққатан қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёти байналмилалие шуд, ки аз Чин ба Тоҷикистон молу колои мардумро интиқол медод”.

Ба қавли ӯ, бо талошу кушишҳои масъулини вазорат, ба вижа раҳбари он Шералӣ Ганҷалзода, ки аз замони шурӯи офатҳои табиӣ то имрӯз дар вилояти Бадахшон қарор дорад, роҳи алтернативӣ тавассути Хоруғ-Ишкошим-Тузкул фаъол гардонида шуд. “Тамоми нишондодҳои техникии роҳ, ки ҷавобгӯи талаботи бехатарии ҳаракат дар роҳ барои воситаҳои гаронвазн набуданд, дар як муддати кутоҳ ба ҳолати истифодабарӣ оварда шуданд”,-афзуд Саидов.

Сардори Раёсати нақлиёти роҳи заминии Вазорати нақлиёт гуфт, бо далели харобшавии роҳҳо шумораи воситаҳои нақлиётие, ки а Чин ба Тоҷикистон ворид мешуд, ба маротиб кам гардидшуданд: “Имрӯзҳо зиёда аз 20 адад воситаи нақлиёт тавассути роҳи алтернативии Хоруғ-Ишкошим ба самти марказ ва дигар навоҳии кишвар ҳаракат мекунанд. Пештар дар як рӯз наздики 70 то 100 воситаи нақлиёт ворид мешуд. Албата буҳрони иқтисодӣ ҳам барои гардиши молу маҳсулоти Чин таъсири худашро расонида аст”.

ВИДЕОИ суҳбати хабарнигори “Озодагон” бо Қурбон Саидовро инҷо тамошо кунед


Мӯҳр
Хатлон
Бисер хуб шуд. Ганчализода марди окиласт рахи худамона обод ку дурам бошад мардум якдахан нонша меебад мехурад рохои ватан обод мешавад Ва хам мардум наздик мешавад бо хам рафту омад мешавад.... то у маблагеки барои аьзоги медихед ба итиходияаи гумруки ватана обод кунед!

Ҳолдон
Тарсидан даркор нест.
Худамон бояд худамонро соҳибӣ кунем.
Роҳ надодан ба борҳои транзитии мо ба зарари Қирғизистон аст, вале ба манфиати мо.

Шерик
Бенихоят кори хуб шуд! Точикистон бояд хеч вакт аьзои итиходи гумруки нашавад чунки ин бисер бар зарари давлати мост! Ганчализода марди дурандеш аст, иншолоох рохи халаша меебад! Точикистон Иншолоох хеч вакт бояд аьзои иттиходи гумруки нашавад ва нахохад шуд! Чунки ин ба фоидаи давлати русия аст!Хатлон,

Хатлон,
Точикистон бояд тарики нохияи Рошткалъа рохи наве бунед кунад ба тарафи Мургоб ва Кулма. Аслан ин рох вучуд дорад, факат каме таъмир кунанд, шуд. Зеро ин рох тамоми сол кушода аст, иклими нохия муътадил аст, мардуми самимиву мехмоннавоз дорад, охир ин нохия зодгохи Миршакар, Шанбезодахо, Ширин бунёд ва дигар бузургони миллат аст. Рохи Ишкошим ва Гунд дар зимистон баста аст, харочоти тарматозакуни миллионхо долларро ташкил мекунад. Дар ин рох тармафурои, сел, сангчарх кариб ки нест, вале аз чи сабаб онро на замони шурави обод карданд ва на имруз, намедонам. Агар ин рохро обод кунанд, дар махалли Чавшангоз фурудгохи барои самолетхои гаронхачмро низ сохтан мумкин аст, аз ин мавзеъ метавон ба осони ба тарафи Ишкошим низ рох кушод. Ба замми ин ва хеле мухим, аз Хоруг хамаги 129 километр дур аст, ки дар асри 21 ин масофаи на он кадар калон аст. Вале тамоми сол метавон ба Чин рафтуомад кард.

Хушо ба холт чаноби Ганчалзода рахмат ба Шумо,ки тамоми кадрхое,ки Асозода Х. аз кор ронда буд Шумо хаммашонро ба кор гирфтед бовар кунед дар вазифае,ки пеш аз Саидов як шахс кор мекард як маротиба рафтаму хостам вазъи рохи марзиро бо автомашинахои боркаш пурсам ба 6-ошёна баромадам ному насабаш аз ёдам рафтааст хулоса даромадам он шахс бо ман ва як марди дигар хамсухбат шудам хаёл намудам ки бо ягон авбош вохурда бошам.Умуман дар бораи наклиёту рох тасавурот надошт Ноумед баромада ба 2-ошёна ба назди як хонум чонишини вазир даромадам у бошад гуё ки моро масхара мекарда бошад гуфт ки вазъи рохро рафта худатон мефахмед хайрон шудаму баромада рафтам.

Rahmat ba padaraton!!! Muvafakiyatho va burdborihoro tamanno dorem!!!

Шерафганшох
Саидов Курбон, вазифаро гирифтаед, Ватана обод кунед. Рохи хал хаст. Натарсед. Рох дорем.

Иттиҳоди гумрукӣ танҳо ба кишварҳои аъзои худ хизмат мекардааст? Пас ИДМ-СНГ чист? Чормағзи пуч? Русияи ҳилагар намедонад бо кадом роҳи макру ҳила кишварҳои хурду камбағалро побанди худ намояд. Собиқ ҷумҳуриҳои камтар бақувват аллакай бо роҳи худ доранд мераванд. Роҳбарони Тоҷикистон набояд дар ҳар як кор лаббайгӯяки ПутИН бошанд. Аз ду сар русҳо моро эҳтиром намекарданд ва ҳоло ҳам намекунанд. Кучактарин камбудиро ёфтанд, боз танқиду масхараро оғоз мекунанд. 23 соли охир ба ин шоҳид аст. ТОҶИКИСТОН, ДӮСТОНИ СОДИҚРО ИНТИХОБ КУН ВА БО РОҲИ ХУДАТ РАВ.

Шахрванд
Хукумат нагузорад ки халкаш мухточ ва гулом шавад

Юсуффф
Cалимчон, Эх вохима карди-да. Барои гапхои хавои пас аз санчиши харочоти маблаги чавоб медихи

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)