Бахшҳо

Дилшод Назаров дар Пекин медали нуқраро ба гардан овехт

Дилшод Назаров, варзишгари номовари тоҷик дар даври ниҳоии сабқати қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ медали нуқраро ба даст овардааст.

Даври ниҳоии ин мусобиқа рӯзи 23 августи соли равон дар шаҳри Пекин баргузор шуда, варзишгари тоҷик мақоми дуюмро соҳиб шудааст, ки 30 ҳазор доллари амрикоӣ ҳам мукофоти пулӣ дорад.

Сабқати ниҳоии гурзандозӣ миёни мардон дар шаҳри Пекин байни 12 гурзандози беҳтарини ҷаҳон баргузор шуд, ки дар он Назаров тавонист, гурзроба дарозии 78 метру 55 сантиметр биандозад. Ин дар ҳолест, ки ин варзишгари тоҷик ибтидои моҳи июни соли равон дар мусобиқаи шаҳри Ухани Чин Дилшод гурзро 77 метру 88 сантиметр ҳаво дода буд.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2016 ( Рио-де-Жанейро) роҳхат гирифт. Ӯ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При “Оstrava golden spike” оид ба гурзандозӣ дар Чехия бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба олимпиадаи Бразилия шуд.

Дилшод Назаров моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шуда, ҳамзамон раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
Щер
Офарин ба Дилшод, Худо кунад ки дар Олимпиадаи 2016-Бразилия чои аввал ва медали тиллоро насибаш гардад ва обруи давлати моро баланд бардорад! Саломати ва мувафакият хохонем!

Офарин ба Дидшод Худо кунад ки дар олимпиадаи 2016 медали тило насибаш гардад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)