Бахшҳо
31 авг 2015 10:37Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Пурсиши “Озодагон”: Иқдоми ахири ҳукумат метавонад, шиддати буҳронро поин барад?

Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як протокол аз тамоми вазорату идораҳо ва ниҳодҳои дигари давлатӣ талаб кардааст, дар шароити буҳрони молӣ маблағҳои буҷаро сарфакорона истифода карда, "аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ варзанд". Дар робита “Озодагон” ба коршиносон чунин суол дод: Иқдоми ахири ҳукумат метавонад, шиддати буҳронро поин барад?


Исмоил ТАЛБАКОВ, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон

Ҳар маблағи буҷет, ки сарфакорона истифода бурда мешавад, метавонад шиддати буҳрони молиявиро коҳиш диҳад. Аз ҳамин нуқтаи назар, шахсан ман инро қабул дорам ва ин иқдом бори аввал ҳам нест, чандин сол аст рӯи кор меояд, вале мутаассифона иҷрои он аз ҷониби мансабдорон амалӣ нашуда истодааст. Барои ҳамин маблағҳои буҷетӣ бояд сарфакорона истифода бурда шаванд ва барои хароҷоти дувуминдараҷа то ҳадди ниҳоӣ бояд нуқта гузошта шавад.

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, таҳлилгар

Ин мисли он аст ки шумо барои зимистон як тон ангишт захира кардаед. Аммо дар тобистону тирамоҳ 800 килои онро барои кабобпазиву ҷашни палаву намедонам каду масраф мекунед. Вақте зимистон фаро расид қарор медиҳед, ки бояд сарфакорӣ кард ва ин 200 кило ангиштро ба 4-5 моҳ хунукӣ расонд. Яъне барои ҳар рӯз якуним кило ангишт. Ҳатман якуним кило ангишт дар буҳрони хунукӣ ба шумо кумак мекунад. Аммо то кадом ҳад?

Табаралӣ ҒАНИЕВ, доктори илмҳои иқтисодӣ

Ҳар вазорату идораи давлатӣ вобаста ба талаботи ин протокол метавонад аз дидгоҳи худ мақсадгузориҳояшонро боз гуруҳбандӣ кунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, иҷрои он масъалаҳое, ки аввалиндараҷаанду дувуминдараҷа хароҷотҳояшонро дида бароянд. Ин масъала боз аз ҳунари касбии роҳбарони вазорату идораҳо вобастагӣ дорад, ки то куҷо метавонанд дар ин самт муваффақ шаванд. Фикр мекунам ин тасмим бо таваҷҷӯҳ ба иҷро нагардидани буҷети давлатӣ гирифта шудааст. Супориш дода шудааст, ки қисме аз корҳое, ки дувуминдараҷаанд ва соли оянда имкони иҷро карданашон аст, мавқуф гузошта шаванд. Бубинед, дар нимсола қисмате аз андозҳо иҷро нашудаанд ва нимсолаи оянда ҳам ҳамин чизҳо мушоҳида мешаванд, аз ҳамин хотир чунин қарор қабул карда шудааст. Мақсад аз ин тасмим ба ҳолати буҳрон мувофиқ кардани хароҷотҳо аст.

Барот ЮСУФӢ, коршиноси масоили иқтисодӣ

Агар талаботҳои ин протокол амалӣ шаванд, то ҷое метавонад таъсир гузорад, вале гуфта наметавонем, ки он таъсири зиёд расонида тавонад, зеро буҳрони молии Тоҷикистон бештар аз омилҳои беруна вобастагӣ дорад. Чун бори аввал аст, чунин як протокол, дар мавриди то куҷо амалӣ шудани он феълан чизе гуфта наметавонам. Маълум аст, ки аз натиҷаи амалишавии ин протокол ниҳодҳои назоратӣ ба Дастгоҳи раисиҷумҳури кишвар гузориш медиҳанд. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он бояд ниҳодҳои дахлдор назоратро ҷиддӣ баранд.

Зафар АБДУЛЛОЕВ, коршинос

Ба андешаи ман, чунин амали Ҳукумати Тоҷикистон характери психологӣ дорад ва мақсад аз он нишон додани ташабуси ҳукумат дар соҳаи мубориза бо буҳрон ва наздик шудан ба мардум аст. Дар асл чунин чораҳоро, чораҳои зиддибуҳронӣ ҳисоб кардан мушкил аст ва ба фикри ман натиҷаовар нест. Назарияи иқтисодӣ дар ҷаҳон исбот кард, ки ягона роҳи ҳалли ҳама мушкилиҳое, ки дар соҳаи иқтисодиёт пайдо мешаванд, дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурд мебошад. Иқтисодиёти миллӣ, ки аз ин ҷиҳат пурра таъмин шуд, бартарафсозии ҳар намуди бӯҳрон, аз ҷумла буҳрони молӣ, осон хоҳад шуд.

Алӣ МАСТОВ, таҳлилгар

Бо мақсаду оқилона сарф кардани буҷаи давлат ба вазъи иқтисодии кишвар набояд вобаста бошад. Иқдоми мазкур бад нест, аммо барои раҳоӣ аз мушкилоти иқтисодӣ он ба таври комил тарҳрезӣ нашудааст. Барои устувор шудани иқтисод барномаҳои сартосарӣ лозим аст, қабл аз ҳама дастгирии ҳаматарафаи тиҷорати хурду миёна аз тарафи давлат. Дар акси ҳол, ин танҳо хок пошидан ба чашми мардум асту халос.
Мӯҳр
Бесавод
Аслан ин икдом худ хандаовар аст, яъне маънояш ин аст, то холо бучети кишвар гайримаксаднок истифода мешуд ва холо бояд максаднок истифода шавад. Яъне "дуздиро кам кунед". Агар чунин буд пас чаро масъулоне ки бучетро гайримаксаднок истифода карданд, ба чавобгари кашида намешаванд? Дар дигар кишвархо чои ингуна масъулон пушти панчараи зиндон аст. Холо касоне, ки ин корро бояд анчом диханд, хакии дигаронро аз бучет кам мекунанд, масалан кормандонро ихтисор мекунанд, маошро дар хамин холати паст ва ночиз нигах медоранд, нархи барку обу хадамоти коммуналиро баданд мебардоранд, рейди милисахо зиё мешавад, вале ба кисаи худашон хамон пулеро ки пештар мерехтанд кам не, балки бештар мерезанд. Чунки аз назараи психологи фикр мекунанд ки бо дидани ин чорахо бучет зиёд шуд ва хак доранд ки сахми бештаре аз онро ба кисаи худ андозанд. Ва окибати ин бухрон аст. Хамон чизе, ки мехоханд бар зиддаш икдом кунанд.

Осмон
Вокеан ин сад дар сад дуруст аст. Бовар кунед пещ аз хама мебояд сохторхои вазорату идорахоро ба танзим даровард. Маблаг дар хаво корманд дар як мох як бор корба мебие тамом маош гирифта хоб аст

Хар икдоме, ки бахри пешгирии харачотхои иловаги дар шароити кунуни кабул карда мешавад кобили кабул мебошад. Аммо хуб мешуд пеш аз хама Хукумат сохторхои назорати аз кабили Назорати молияви ва карупсия, прократура, сохторхои иктисодии ВКД, Палатаи хисоб, аудити дохила дар корхонахо, аудити беруна дар як сол барои корхонахо ва боз дигархо камтар карда мешуд, ин амал боиси он мегардид, ки сатхи зиндагии мардум аввалан хуб мешуд баъдан ба бучети давлати хам маблаг зиёдтар ворид мегардид.

Гриль
Агар хохи маро еби, аз ......а мееби.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)