Бахшҳо
31 авг 2015 10:42Тоҷикистон / CV / Иҷтимоӣ

Номаи таслияти сафири Эрон дар робита ба даргузашти Акбари Саттор

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии Иттифоқи журналистони кишвар дар робита ба даргузашти Акбари Саттор, рӯзноманигор ва раҳбари ин иттифоқ ҳамдардӣ баён кардааст.

Дар номаи сафири Эрон аз ҷумла омадааст, “даргузашти ҷаноби Акбари Саттор - раҳбари Иттифоқи журанлистони Тоҷикистонро ба наздикон ва ҳамкорони марҳум таслият гуфта, барои марҳум мағфират ва раҳмати илоҳию ба бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем”.

Раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зуҳри 28 августи соли равон аз олам даргузашт. Ҷанозаи ӯ субҳи 29 август дар деҳаи Мортепаи ноҳияи Ҳисор - зодгоҳаш баргузор шуд.

Акбари Саттор 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор дар ҳоли ҳозир мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун", ки 5 нашрия тобеи он аст, бар уҳда дошта, ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.
Мӯҳр
Аз "Озодагон";
Муҳиддин Идизода, журналисти точик, хабари даргузашти Акбари Сатторро “наштари чонсузе бар қалбу чону чигар” хонд. У гуфт, “чанд муддат пеш ҳамроҳ бо у суҳбат доштам ва шухиомез месароид: "Рав, "Чархи гардун"-ро бигу, Акбар видоят карду рафт..." Гуё медонист, ки баъд аз чанде сафари охират дорад...”
(«Радиои Озоди», 31 августи с. 2015).
«Рав чархи гардунро бигу, Акбар видоят карду рафт»,
Ахли каламро нома дех, Акбар дуоят карду рафт
Марди хунар, марди заки, дар зиндаги фарди сахи,
Аз заъфи дил, дарди чигар, Акбар шикоят карду рафт.
Дарди Ватан, дарди сухан, дарди замону ин макон,
Бо килку бо сехри сухан, Акбар хикоят карду рафт.
Эй хамсару хамрози у, уро магу ту бевафо,
Дар вопасин харфу нафас, Акбар садоят карду рафт.
Эй хамкалам, ахли назар, сохибдилу сохибсухан,
Чони чавони хешро, Акбар нисорат карду рафт.
Бурибеки Худобахш.
(Помир).

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)