Бахшҳо

Умар Бобоҷонов барои ришаш латту кӯб шудааст?

Наздикони Умар Бобоҷонов, як сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат иддао доранд, ки маъмурони пулис ӯро барои ришаш латту кӯб кардаанд.

Абдулло Бобоҷонов, бародари Умар ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бародарашро шоми 28 август кормандони пулис барои ришаш мавриди латту кӯб қарор додаанд, ки баъдан дар ҳолати вазнин ба бемористони шаҳри Ваҳдат оварда шудааст. Табибон вазъи ӯро вахим гуфтаанд.

Умар Бобоҷонов донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи Санкт-Петербург будааст, ки дар таътили тобистона ба зодгоҳаш омадааст. Зоҳирҷон Соҳибов, яке аз дӯстони Умар, ки ҳангоми ҳодисаи латту кӯб бо ӯ будааст, ба «Озодӣ» гуфтааст, "мо дар маркази шаҳри Ваҳдат, дар назди муҷассамаи “Модар” сайругашт доштем, ки ногаҳон се мошин омад ва 6-7 нафар аз онҳо берун шуданд. Онҳо ману Умарро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Латту кӯб карданд. Субҳи 29 август Умарро ба бемористон овардем, ки ҳолаш хеле вазнин буд."

Манбаъ мегӯяд, ҳудуди 100 нафар аз сокинони шаҳри Ваҳдат дар назди бемористони марказии ин шаҳр ҷамъ омада ва аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ доранд. Кормандони пулис нагузоштаанд, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки дар назди беморхонаанд, бо сокинон суҳбат кунанд.


Акс аз "Озодӣ"
Мӯҳр
Точики
ин озодагону озоди забони точикиро фаромуш карданд чи? Вахимаш чи вазнин гуед. аку аз пушти зог кучо меравен...

ана давлати хукукьунёду демократии мо.охир точик дар ватан озор бинад пас дар хорича холи точик чигуна бошад.Озодагон як дарбораи мухочиро менависти хуб мешуд

бериш))))
Ана демократяву мана демократия НОХОД дар ватани Худ латукуб кунанд Худо окибати ин бе адолатиро ба хайр нардонад

Бандаи Аллох
Шумо кормандони хифзи хукук фикр мекунен ки бар зиди ришу хичоб мубориза барен ? Агар сад сол мубориза барен наметонен барои ки сохиби ислом Аллох аст лекин бад Аллох хар касе ки бар зиди ислом иза мебарад дар дузах месузонад

Хайрат
Президенти кишварамон чаноби Эмомали Рахмон сафари худро аз Кулоб аз зиёрати хазрати Амирчон, ки ришдор буд (дар сурати 10 сомона риш дорад) огоз кард, вале дар ин чо ришдорро шаттакори мекунанд. Нафахмидам

Манучер
Ё Худо ин чигаб аст бар сари мардуми мусалмони точикТочики,

ш Душанбе
ба ХУДО ин ПАСТИ МИЛАТРО НИШОН МЕДИХАД ,,ОКИБАТАШ ХУБ НАМЕШАВАД

Чи гуям...
Хамватанони азиз маро бубахшед, зеро намедонам дар ин ходисаи рухдода чи гуям! Ин чигуна озоди-Истиклолият бошад,ки шахрвандашро дар Ватани худаш бе асос футбол мекунанд! Ин милисахо магар аз саераи Мирих омадаанд е Точикистонро шахси кардаанд!!!

хайр
Хеле чои нигарони аст. Ин чи хукуматдори аст?

асрор аз вахдат
Озодагон озод нести чаро баъзе хакикат хоро чоп намекуни биё бо мардум бош

точик
Точики,
мурдаро монда тутхури гуфтаанд. ончо точик кушта истодаанд барои як риш, ин точики миллатдусту забондуст норохат шудааст ки ба чои вазнин вахим навиштаанд. ана точикиву мана точики.

Бовар кунед бародаро ин корхо маънои онро дорад ки гуё кадом як гурухе махсус барои бадном кардани номи хукумтат ва хуукуматдорон кор бурда истодааст ки ин окибати хуб надорад..

махмуди ашурмухаммад
Холо мебинед "задним числом"ягон айбашро меебанд,масалан фалон вакт дар сухбати салафихо буд е фалон чиноятро медонисту хабар надод.

Айбай то 3 4 нафар аз хаман риштарошон намуранд онхо аз ин корашон бас намекунанд Гурури точики кичо меша? Шер бачохои точки кичо мещан?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)