Бахшҳо

Суғд: Се ҳолати худкушӣ дар як рӯз ва шаш ҳолат дар як ҳафта

Шанбеи 29 август дар қаламрави вилояти Суғд се ҳолати даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд расидааст. Дар ин бора аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳолати аввал дар ноҳияи Айнӣ рух додааст. Марди 32-сола дар таҳхонаи манзили зисташ худро ба дор овехтааст: “Ҳамон рӯз дар шаҳри Панҷакент ҷавонзани 29-соларо наздиконаш аз оғилхона дар ҳолати овехта ёфтаанд”.

Манбаъ мегӯяд, ҳолати сеюм дар шаҳри Чкалов ба қайд гирифта шудааст: “Як ҷавони 23-сола бо роҳи овехтан худро аз ҳаёт маҳрум кардааст”.

Дар робита ба ин се ҳолат тафтишот идома дошта, сабабҳои худкушии сокинон муайян мегардад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз худкушии се тани дигар дар рӯзи 24 август хабар дода буданд: “Дар ҳудуди шаҳри Истаравшан як марди 36-сола ва ҷавонзани 28-сола ва дар ноҳияи Ашт духтари 17-сола бо роҳи худовезӣ ба ҷони худ қасд кардаанд”.
Мӯҳр
Бинанда
Ачоиб ба мардуми Вилояти Сугд чи шуда бошад. Зиндаги ба дилашон задааст ё мушкилоти дигар бошад.

Мард
Вой ба ҳоли худкушон

Сино
Худоё ин чи давру замон шудааст? Худо ба хайр кунад.

Дар нохиаи панчакент Боз ду нафар худро ба дор кашиданд якташ дируз якташ имруз худо хамаро нигахбон бошад

муҳочир
сабаби ин бадбахти худкуши дур будани мардум аз дини мубини ислом аст худовандо мардуми моро ҳидоят бароҳи рост кун

ш Душанбе
дар ин Вилоят касали ""ВОСВОСА" омадаги....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)