Бахшҳо
06 сен 2015 20:38Тоҷикистон / Сиёсат

ВКД: 4 ҳаммаслаки Ҳоҷӣ Ҳалим безарар ва 7 нафар боздошт шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани боз чор аъзои гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, аъзои гуруҳи собиқ муовини вазири дифоъ дар пайи амалиёти муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ имрӯз, 6 сентябр дар дараи Ромит безарар шудаанд. Торнамои расмии ВКД менависад, дар пайи ин амалиёт ҳамчунин 7 нафар боздошт шудааст: "Миқдори зиёди яроқу аслиҳа, аз ҷумла 18 автомати "АКМ", 50 тирдон ва миқдори зиёди тир дарёфт ва мусодира карда шуд".

ВКД ва КДАМ аз шаҳрвандон барои ҳамкорӣ ва ироаи кумак "дар несту нобуд гардонидани гуруҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М." изҳори ташаккур карда, таъкид кардааст, амалиёт барои безарар гардонидани аъзои дигари гуруҳ идома дорад.

Кушта шудани чор нафар ва боздошти 7 аъзои гуруҳи ба гуфтаи мақомот ҷиноятпешаи генерали фирорӣ дар ҳолест, ки қаблан ВКД гуфта буд, дар пайи амалиёти рӯзи 5 сентябр 32 ҷонибдори ӯ дастгир ва 13 нафар безарар шуда, "Ҳоҷӣ Ҳалим" бо 7-8 нафари дигар дар муҳосира қарор дорад.

Мақомот Абдуҳалим Назарзодаро дар созмон додани дастаи террористӣ муттаҳам мекунанд ва ҳамлаи мусаллаҳона ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдату гардиши фурудгоҳро, ки ҷони ҳашт корманди ВКД-ро гирифт, кори ҷонибдоронаш мегӯянд.
Мӯҳр
Культура
Хаммаслак худаш чи ин калима озодагон? Шармдоред!

мухлис
ба хисоби шумо 3 нафари дигар хамрохаш мондааст?

Ин холат нигаронкунанда аст. Чаро ин генерал чунин кард? Оё у намедонист, ки шикаст мехурад? Агар табадулот кардан мехост бо як гурухи хурдакак метавонист кунад? Дар инчо албата сире хаст, ки пинхон мондааст. Ба хар хол тенчии милат як гавхари бебахост, гарчанде ки 90 фоизи мардум аз давлат норози мебошад.

Беном
Худованд Точикистони Обиди моро дар панохи худ нигах дор Шахидоне ки дар Рохи химояи ватан ва модар аз дасти ин хоинони миллат кушта шуданд рахмату магфират кунад ва ба наздиконашон сабри чамил хохонем.

Панчакенти
Туро чи азоб буд ааа? ? Наход бо Хукумати имруза сар ба сар шави а? ????? Хамаи молу мулкат ай сарат монд, Генерали беакл! Бо инкадар давлату савлат худоро бояд шукр гуфт! !!!!!

Хакикатпараст
"қаблан ВКД гуфта буд, дар пайи амалиёти рӯзи 5 сентябр 32 ҷонибдори ӯ дастгир ва 13 нафар безарар шуда, "Ҳоҷӣ Ҳалим" бо 7-8 нафари дигар дар муҳосира қарор дорад".

"4 ҳаммаслаки Ҳоҷӣ Ҳалим безарар ва 7 нафар боздошт шуд".

Яъне,изхороти кабли ВКД дуруг будааст, ки омада буд: Ҳоҷӣ Ҳалим бо 7-8 нафари дигар дар муҳосира қарор дорад? Холо 4 нафарашро безарар ва 7 нафаращро боздошт карданд, пас бояд ба гайр аз Хочи Халим, дигар касе намонда бошад. Инро чихел фахмем??

беном
Оё Дар мавриди ин амалиёт ягон нафар аз КДАМ осебе надидаанд

Аз кормандони радио озодагон хохиш мекунам ки хамин хабархои додаатонро мукоиса кунед, дируз гуфтед хафт хашт нафари дигар мондааст, бади боз дошти чор нафару кушта шудани 7 нафари дигар боз 7_8 дигар мондааст ина чихел фахмем? бадан гуфтаниям ки касе мухолифи давлат шуд онро опазици е ки мухолифони давлат меноманд на чиноятпеша е ки террорист . барои як риш одамро куштан амали террористы набудаст барои хукуки худро дифоь кардан игво бардошти ин террористи будаст,? набошад хушбахтона дар ТЧ 7,9 милен тераристаст гайри мансабдорон хама тераристаст чун ки ягон тои ин аз сиесати пешгирифтаи давлат ризо нест

Максад
Он руз вкд элон дошт, ки хочи Халим бо 6-7 нафараш ба дараи Ромит панох бурд, ин боз 4 нафар куштта ва 7 нафар дастгир шуданд , чи танокуз, йо хар касро аз Ромит боздошт кардед, краскаш макул нашуд, ба дастаи мучохидин рабт медихед?

Вахдати
фазлиддин хайдаров,
Аз сиёсати Хукумати ЧТ норози боши ту хам ранги Хочи Халим курнамак мебоши. Аз аввали вокеахои шуда гузашта ВКД ЧТ пайваста иброз намуда истодааст, ки хамали мусаллахона ба Умар ва риши у рабт надорад. Баъдан агар шахрванди ЧТ боши нисбати Ватани худ ва Хукумати у суханхои кабех назан. Аз хона нишаста бахо додан кори осон мебошад.

безарар шуданд, ин яъне кушта шуданд?

Чупон
Аз шуморахои дастгир шуда ва кушта шудагон маълум мегардад, ки шахрвандони ЧТ дар багали худ мору морбачахо тарбия намудааст. Наход точик зидди точик ярок бардошта кормандоне, ки шабу руз барои тинчи ва оромии мамлакат захмат мекашанд ба халокат расонад. Боз ки кормандони собик ин хеле нигаронкунанда ва таъсирбахш мебошад. Хайфи рутбахои афсари. Нафакт ИН хел шахсон балки хешу акрабои инхо аз ЧТ бадарга карда шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)