Бахшҳо
08 сен 2015 09:19Тоҷикистон / Сиёсат

Э. Раҳмон хатарҳо ба истиқлолияти Тоҷикистонро номбар кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми шодбошияш ба муносибати 24-умин солгарди истиқололияти давлатӣ, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, дунявиятро роҳи дурусту дурбинонаи давлатдорӣ хондааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонаи обод орзу намудааст. Ӯ иброз доштааст, ки маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин дастовардро дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон ҳисобидааст: “Зеро бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудаст, ки маҳз бо пуштибонии мардум сулҳ дар кишвар барқарор шудааст: “Ҳоло дар вазъияти ошуфтаву бесуботи ҷаҳони муосир ва зиндагии фоҷеабори баъзе халқу миллатҳо ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бо камоли шукргузорӣ дарк мекунад, ки аз баракати сулҳу субот мо ба чӣ неъмати бузурге даст ёфтаем”.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз хатарҳои муосир, аз ҷумла шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ, тамоюли дубора ба қутбҳои сиёсиву низомӣ ҷудо намудани олам, паҳншавии тафаккури харобиовари ифротгароӣ, қувватгирии фаъолияти ҳаракатҳои экстремистиву террористиро зикр карда, таъкид намудааст, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама ба истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти худи давлати мустақил, ба сохтори давлатии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоишта, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва ба арзишҳои неки миллии мардуми тамаддунсози мо таҳдид мекунанд: “Пас, муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад”.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки дар баробари таъмини сулҳу субот, қадами бисёр устувори дигар дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти сохти давлатдорӣ буд: “Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ, халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд, ки акнун он ҳамчун иродаи қатъии мардуми кишвар дар моддаи аввали Конститутсияи мо барои ҳамеша сабт гаштааст. Ҳоло Тоҷикистон дар роҳи бунёди ин низоми давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”.

Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, ки таҷрибаи ҳосилшуда ва таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки интихоби давлатдории дунявӣ интихоби дурусту дурбинона буда, имрӯз худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Раисиҷумҳури кишвар гуфтааст, мардуми кишвар ба ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар назди миллату Ватан дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем: “Бо дарки ин масъулияти бузург давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон то ба имрӯз пайваста талош дорад, ки пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва заминаҳои иҷтимоиву маънавии истиқлолияти давлатиро тақвият бахшида, барои рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар шароити мусоид фароҳам созад”.
Мӯҳр
МО бо шумоем ҷаноби олӣ.

diplomat
ЧАНОБИ РАХМОН БАР КАСДИ ДУШМАНОНАТ ЗИНДА БОШИ

точикистони нав
Мустамликаи рус хастему чаноби оли аз истиклолият сухан мекунад

Зарифи
АЗ ИСТИКЛОЛИЯТ ХАМЕША БОЯД ШУКРГУЗОР БОШЕМ ВА ЯК ХАДИСИ ПАЙГАМБАРРО БАР ГУЩ ХАЛКА НАМОЕМ:"БУЗУРГТАРИН НЕЪМАТЕ КИ БА РАНЧИ ЗИСТАН МЕАРЗАД, ОЗОДИСТ!"

носир
Мо тарафдори мустакилият, сулху ороми, вадату ягонаги ва адолатхохиву эхтироми хамдигари хастем. Сиёсати кадрии сохторхои кудратиро аз нав бояд тахлил намуд, то хифзи хаёти мардум ва сархад дасти содиктарин фарзандони миллат бошад

саври тоирова
чаноби оли аллох нигахбонатон бошад худованд хеч гох назаршона ай сартон дур насоза бо розигии аллох бо шарофати шумо дар точикистони азиз сулху ороми тинчиву осудаги хукмфармост

ватандуст
Чаноби Оли. илохо душманонат кур гардад. Худованд хамеша сарбаландат гардонад. Зинда боши бар касди душманони бегонааклат!!!

Дилам бар холи мардуми точик месузад. Дуруст мегуед мо мисли гуломони русхо хастем, то хатто дар сарзамини худамон хакки худамонро гирифта наметавонему аз истиклолиятро чашн мегирем. Дар Кургонтеппа сарбози рус ба писари точик дарафтодааст, ки мошинашро сохиб шавад ва барои ин кор беш аз 30 корд бар у задааст. Додгохи мо то хатто хакки махкум карданро надоранд, чунки дар карордоде, ки то соли 2042 миёни Русия ва Точикистон баста шудааст ин наёмадааст. Чунин амал бори севум аст, ки аз чониби марзбонони рус содир мегардад. Дар Русия ки чавонони точикро мекушед, лоакал дар сарзаминашон бимонед, ором ризку рузиашонро пайдо кунанд. Кучост истиклолият? Ба мо Махатма Ганди лозим, ки аз руи адолат хакки мардум ва номуси мардумро тавонад бигирад ва хифз бикунад.

Мухтарам Чаноби Олли тамоми гирду атрофат ана хамин хел дузданд, бадбахти дар сари он аст, ки ахбори омма ва тадкикоти журналисти озод нест. Аввал Худост, ки ин миллат аст, ин миллат аст , ки шумоед!

аналитик
Ба сухани воқеии бародар Носир сад дар сад тарафдорам, мағзи гапро гуфт, то ҳамин сохторҳо бознигарӣ нашавад, тоҷик тинҷу ором нест.

конун
Мо истилокилят дорем аммо адолат надорем.

Зодик
зинда бош чаноби оли. Душманонат кур боду дустонат точи сар, Ин чумхурии мо бо Шумо мефахрад. Осуда бош мо душманонатро нест хохем кард. ( аз номи Чавонони Бадахшон)

фарзона
Саттор, исломихо моро дубора гуломи русхо карданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)