Шукурҷон Зуҳуров доштани таърих, забон, фарҳанг ва ойини муштарак байни миллатҳои тоҷику эрониро яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо арзёбӣ кард. Тазаккур дода шуд, ки фарҳангу тамаддуни миллати тоҷику эронӣ тайи қарнҳои гузашта тамоми дунёро фаро гирифта буд ва имрўз низ ин тамаддуну фарҳанг тавассути ворисони нобиғагони ин миллатҳо ба дунёи муосир муаррифӣ мешавад.Шаҳри Табрезро ватан ихтиёр кардани яке аз нобиғагони илму адаби тоҷик, Камоли Хуҷандӣ ва дар шаҳри Кўлоби Тоҷикистон мадфун шудани Мирсайид Алии Ҳамадонӣ далели пайванди ногусастанӣ доштани ду кишвар маҳсуб мегардад. Зуҳуров иброз дошт, ки баргузор намудани рўзҳои фарҳанги шаҳри Табрез дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳамин тавр доир намудани рўзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар Эрон ба раванди густариши муносиботи ду кишвар заминаи тоза ва устувор эҷод карда, қадами ниҳоят муҳиме дар ривоҷу равнақ ёфтани ин муносибот хаҳад шуд.
Алиризои Навин нахуст раиси Маҷлиси намояндагон ва тамоми миллати тоҷикро бо 20 – солагии истиқлолият табрик гуфта, изҳор дошт, ки миллатҳои тоҷику эронӣ ҳамчун асосгузорони илму адаб дар ҷаҳон шинохта шудаанд ва имрўз осори гаронбаҳои намояндагони ин миллатҳо бинобар сабаби пурмўҳтавову пурмазмун буданашон ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва нашр шуда, дар миёни халқу миллатҳои гуногун ҳаводорони зиёде доранд.
Маврид ба ёдоварист, шаҳри Табрез қадимтарин шаҳри Эрон ба шумор рафта, таърихи 3500 сола ва 2 миллион аҳолӣ дошта, бо Тоҷикистон муносиботи хуб дар ҳамаи соҳаҳо дорад. Шаҳри Табрез бо шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон бародаршаҳр мебошад. Табрез қаблан пойтахти Эрон буд.
Қайд гардид, ки шоми имрўз дар театри опера ва балети шаҳри Душанбе намоиши «Шоми Табрез» бо иштироки беҳтарин ҳунармандони эронӣ баргузор мешавад, ки баргузории чунин намоишномаҳо риштаи дўстӣ ва бародарӣ миёни миллатҳои тоҷику эрониро таҳким мебахшад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Март 2023 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |