Бахшҳо

Тафсилоти нави амалиёт алайҳи Ҳоҷӣ Ҳалим: 22 куштаю 90 боздоштшуда...

Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзҳои 9 ва 10 сентябр дар натиҷаи амалиёти муштарак дар дараи Ромит 4 шарики генерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода кушта ва 17 узви дигари гуруҳи ӯ боздошт шудаанд.

Ба иттилои торнамои ВКД, аз миёни 17 боздоштшуда се нафар ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шудаанд. Манбаъ мегӯяд, аз нафарони зикргардида 8 адад автомати "АКМ", 1 адад пулемёт ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар маҷмӯъ, мақомоти тоҷик то ҳол аз кушта шудани 22 ва боздошти наздики 90 шарики "Ҳоҷӣ Ҳалим" хабар додаанд. Вазорати умури дохилӣ бо даъвати мардум ба ҳамкорӣ таъкид мекунад, ки феълан амалиёти муштараки мақомоти қудратӣ алайҳи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим идома дорад.
Мӯҳр
кулябец
Инхо чанд нафаранд ????!! Кариб 150 нафар шуданд ! Ба фикрам хамаи батальони 25 тарафдори генерал хастанд. Намоиши мо давом дорад !!!!!!

Офарин, шербачахои КДАМ ВА ВКД. Душманонро то охирин нафар саркуб кунед.

DIPLOMAT
ИСЛОМИХО ХАМАИ КУВВАШОНА РАВОН КАРДАБУДААНД - КУ озодагон натарсида чоп кун

Гулом
Худоё тавба, наход дар ду моишине, ки тиру туханг гирифта гурехта рафтанд, ин кадар бисер бошанд, мекапанд хурсанд мешавем, ки ана тамом шуданд боз амалёт давом дорад. Худованд сарбозон ва кармандони органи давлатиро, ки пуштибони мардуми Точикистон хастанд кувват дихад. (Омин)

Маъруф
Ваё тарафдор набуданд
Генерал ҳамчун муовини вазири мудофиа тревога эълон карда, бачаҳоро буровард
Онҳо гумон карданд, ки зидди ҷинояткоррон буромаданд

Хуб шуд, ки дастгир шудан. Набошад онхо мардум бечораро ба чангу дучол намуда, хамаро шарманда ва нобуд мекарданд. Инхо бояд хама дастгир ва нобуд карда шаванд. Зинда сулху субот!!!!

Хар кадаре ки бошан ё не бо кумаки Парвардигор ин гурухаки боги ва чиноятпеша ба кулли несту нобуд мегарданд.Зеро давлат кудрате дорад ки бар алайхи онхо мукобилият нишон дихад.Танхо барои дигар сахифоти таърих хиёнату ношукрии онхоро сабт сабт хохад кард.Ба хеч вачх миллати буруманди ва шарифи точикистон тарафдори чангу хунрези намебошад ва ин амали нангини онхоро махкум менамоянд.

Хоинони миллат бояд нест ва нобуд карда шаванд!!! Ахсант ба макомотхои кудрати!!! Рухи афсарони чон бохта илохо шод бошад!!!! Онхо шахиди хакикианд!!!!

9 km
кулябец,
Iyo ay 300 nafar ziyodand!!!!

Ачиб
Аз аввал гуфта будан ки Хочи Халим хамрохи 7-8 нафар хаст ки уже 150 кас гузашт ба фикрам 7-8 нею 700 - 800 кас бошад ё ки аз инхам зиёд?

Анушервон
Садкаи нону оби ватан шавед. Ин амали генерали хоин ва ватанфуруш бо дастаи гумрохаш дер нахохад поид.Дигар солхои 90-ум нест,ки мардумро игво андозанд.Онхо гумон мекунанд,ки мардум аз кафояшон мехезад. Лекин танхо дар хоб,дар хаёлхои ботилу мугризонаашон.

Бунёдчон
"...Генерал бо 7-8 нафар хаммаслакаш фирор кард. Зимни амалиёт наздик ба 150 нафар боздошту кушта шуд. Амалиёт идома дорад..." Манбаъ ВКД.

усмон
)))) афсона танхо тарафдорони гинерал боздршт мешавану дастгир аз тарафи хукумат не )))

Андарз
Инхо агарчи хазор нафар хам бошанд.дигар курб надоранд.Зеро онхо ба руйи модар-ватан, ба руйи хохару фарзанд,хешу акрабо ва бародари худ туф карданд. Ин тудаи манкуртро дуои модарону падарон,пирони барчомонда ва билохира нафрати халк дер ё зуд хохад кушт.

Шарифхон
Ба фикрам хешу таборҳояшонро низ дастгир карда истодаанд.Набошад аз 17 нафари ҷанги 8 автомат мусодира мешудааст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)