Шоми эҷодии Махфират Ҳамроқулова дар Қасри миллатҳои шаҳри Маскав
Сафорати Тоҷикистон дар Русия шоми эҷодии Махфират Ҳамроқулова, овозхони дастаи овозадори "Гулшан"-ро баргузор мекунад.
Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” гуфт, ин шоми эҷодӣ 19 сентябр таҳти унвони “Гулҳои Душанбе” дар Қасри миллатҳои шаҳри Маскав доир хоҳад шуд.
Бино ба иттилои ӯ, ин маҳфил бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва дастгирии иттилоотии медиа Холдинги “Tajinfo” баргузор шуда, аввалин шоми эҷодии овозхони шинохтаи тоҷик баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар Русия мебошад.
Махфират Ҳамроқулова овозхони шинохтаи тоҷик, ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон тайи 20 соли ахир дар Амрико умр ба сар мебарад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |