WEF: Роҳҳои Тоҷикистон аз Қазоқистону Қирғизистон босифаттаранд
Тоҷикистон дар раддабандии сифати роҳҳо, ки Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) таҳия кардааст, миёни 144 кишвари дунё мақоми 98-умро муаррифӣ мекунад.
Мутахассисони WEF сатҳу сифати роҳҳои 144 давлатро омӯхта, ҳар якеро аз рӯи ҷадвали ҳафтбалӣ баҳогузорӣ кардаанд. Роҳҳои Тоҷикистон бо дарёфти 3,2 хол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пештар аз Қазоқистон ҷойи 117-ум, 2,7 хол) ва Қирғизистон (133-юм, 2,5 хол) қарор доранд.
Миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ нишондоди аз ҳама пастро Молдов (1,5 хол) ва Русия (2,3) доранд. Нишондоди хубтарро Гурҷистон - ҷой 56 (4,4 хол), Озарбойҷон - 67 (4 хол) ва Арманистон - 80 (3,7 хол) доранд.
Дар сархати раддабандӣ Фаронса ва Амороти муттаҳидаи Араб нишастаанд, ки ба иттилои WEF соҳиби 6,5 имтиёзиянд. Сингапур (6,5 балл), Португалия (6,4), Умон (6,4), Шветсария – (6,4), Австрия – (6,3) Ҳонконг (6,3), Финляндия (6,1) ва Олмон (6,1) ба қатори даҳгонаи аввал шомил шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |