Бахшҳо
18 сен 2015 09:46Тоҷикистон / Тема дня

Боздошти ҷавоне бо иттиҳоми куштори зани 44-сола ва захмӣ кардани писари ноболиғаш

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки дар куштори як зани 44 -сола ва захмӣ кардани писари ноболиғи ӯ муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, гумонбаршуда сокини 23-солаи шаҳри Душанбе буда, рӯзи 17 сентябр дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони пулис дастгир шудааст. Манбаъ мегӯяд, муайян гардидааст, ки ин ҷавон шаби 16 ба 17 сентябр, тахминан соати 00:20 вориди хонаи истиқоматии зани 44-солаи шаҳри Душанбе шуда, аз сабаби муноқишаи ба миёномада, бо корди ошхона якчанд маротиба ба узвҳои бадани ӯ задааст: “Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Ба иттилои ВУД, гумонбаршуда “кирдорҳои ҷинояткоронаашро идома дода, бо корд ду маротиба ба аъзои бадани писари 13-солаи зан мезанад, ки дар натиҷа писарбачаи ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”.

Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Истиклол
муслима
Хуб мешавад занхои имрузхо бо чавонони аз худ хурд, баробар бо кудакошон муносибатхои махрамона доранд, ки окибаташ чунин ходиса аст. Хой занхои ба ном мусалмони миенсол ба умеди чавонон нашавед, ки холатон чунин аст.

ҳақиқат
Чаро намегуянд, ки ин зани 44сола бо ҷавони 23сола муноисбати маҳрамона дошта ба дому ҳилаи ин зан даромадааст. Ин зан, ки шавҳараш дар расия будааст. Ин ҷавон аз сабаби рашк ва дуруғҳои ин зан, ки нафарари дигаро пайдо кардааст даст ба чунин амал задааст. Дар Тоҷикистон ингуна муносибатҳо чунин зиёд шудааст, ки бештарашон занони шавҳар дор буда ҳангоми муҳоҷирати дарозмудати шавҳарашон ё зани дюм буданашон ва чанд омили дигар даст ба чунин аммалҳо мезананд ки омораш бисёр даҳшатовар аст....

Э инсоне ки ин зани 44 соларо тухмат карсодаи!!! Агар модари, апаи е хохари худат мебуд чи мегуфти? Е ту худат ба Россия равию оилаи туро хамин хел кунанду дигар одамои мисли ту хамин гапхоро нависанд чи мегуи? Истиклол,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)