Бахшҳо
29 сен 2015 17:50Тоҷикистон / Сиёсат

Пажвок: Волии Кундуз аз Тоҷикистон ба Лондон рафтааст

Хабаргузории “Пажвок”-и Афғонистон ба нақл аз манобеи худ дар ҳукумати ин кишвар навиштааст, Муҳаммадумар Софӣ, волии Кундуз аз Тоҷикистон ба шаҳри Лондон рафтааст.

Ба иттилои ин пойгоҳи хабарӣ, “як дипломати афғон дар шаҳри Душанбе дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ навиштааст, ки волии Кундуз нахуст аз Тоҷикистон ба Узбакистон ва баъдан ба Туркия рафтааст ва мехоҳад ва Инглистон биравад”.

Ба иттилои манбаъ, хонаводаи Муҳаммадумар Софӣ, волии Кундуз аз қабл дар Тоҷикистон будубош доштаанд. Ин хабар дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо гуфтанд, Кундуз замоне ба дасти Толибон гузашт, ки волии он дар Тоҷикистон қарор дошт. “Телевизиони 1”-и Афғонистон бо пахши як гузориш дар мавриди суқути вилояти Қундуз ба дасти Толибон гуфт, волии ин вилоят дар Тоҷикистон аст. Фотима Азиз, намояндаи Қундуз дар парлумони Афғонистон дар ин гузориш ҳузур надоштани раиси вилоятро таъйид карда гуфтааст, “мутаассифона раиси вилоят дар Қундуз ҳузур надорад ва сари руҳияи мардум таъсири манфӣ гузоштааст”.

Як манбаъ аз Сафорати Афғонистон ҳам ба “Озодагон” дар Тоҷикистон будани раҳбари вилоятро тасдиқ кард, аммо аз шарҳи бештар худдорӣ намуд. Бахши дарии "DW" навиштааст, волии Қундуз дар Иди Қурбон ба Тоҷикистон рафтааст. Абдулрауф Иброҳимӣ, раиси вулусии Ҷиргаи парлумони Афғонистон, ки намояндаи вилояти Кундуз аст, аз волии ин вилоят интиқод карда, гуфтааст, “тамоми мардуми вилояти Кундуз безории худро аз волие, ки бо Толибон ҳамоҳангӣ дорад, иброз кардаанд”.

Кундуз аз вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон буда, бино ба гузоришҳо Толибон онро шоми рӯзи гузашта комилан ба тасарруфи худ даровардаанд.
Мӯҳр
nabi farhor
Раис барои курси ё вазифааш чонт худро медихад.Имруз бошад,дар фирор,намешуд,ки пуштибони аз халку ватанат мекарди.

хар
Ин Кундуз бо кадом нохияхои Точикистон хамсархад бошад??

ин раисхо дар хама чо як будаанд ку, дар лахзаи хассос дум хода мекунанду мардум дар азоб

точик
Салом ба хамаи мардуми точик! Точикистон бо тамоми имконияташ бояд аз мардум ва сардорони вилояти Кундуз химоят кунад, зеро мардуми шимоли Афгонистон хама точиканд. Забони давлатии Афгонистон то омадани Амрико забони форси буд. Бо ёрии Амрикову Покистон паштунхо сари давлат омаданд. Ин толибон хама паштунанд, акидаи вахобиятро доранд, аз ислом хеле дуранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)