Бахшҳо

Суди олӣ ҲНИТ-ро террористӣ эълон кард: Қасди ҳамла ба Қасри Миллату коргоҳи Президент доштанд

Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 29 сентябр бо дархости Додситонии кул Ҳизби наҳзати исломиро экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон намуд.

Тибқи иттилои манобеи “Озодагон”, бо қарори додгоҳ фаъолияти нашрияи “Наҷот” ва сомонаи ҲНИТ низ мамнуъ гардида, паҳн кардани ҳар гуна маводи аудиовизуалӣ ва адабиёти ин ҳизб манъ шудааст.

Дар иттилоияи расмӣ дар робита ба фаъолияти экстремистию террористии ҲНИТ аз даст доштани аъзои ҲНИТ дар нооромиҳои Хоруғ, барангехтани норозигии омма, барафрохтани парчами “Давлати исломӣ” дар Норак зикр шуда, таъкид гардидааст, ки аъзои ҲНИТ нақшаи ҳамла ба Қасри Миллат ва Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистонро доштаанд.

“Озодагон” иттилоияи расмиро дар робита ба экстремистию террористӣ эълон шудани ҲНИТ бетағйир пешниҳоди хонандагон мекунад:

Имрўз аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори генералиро дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) - террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рўзномаи «Наҷот», бастани Вебсайти интернетии хизби номбурда ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муайян карда шуд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 4-уми декабри соли 1991 ташкил шудааст.

Солҳои 1992 - 1997 Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ, азнав ба қайд гирифта шудааст.

Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.

Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзоёни ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Чунончӣ, Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳангоми ба иттиҳоди террористии мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст.

Роҳбари шўъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик бошанд моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, иштирок намуда, ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон додаанд.

Аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхўҷа, Шарипов Муссаямхўҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфатто ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарўз дар манзили истиқоматии худ пинҳон ва бо ҷойи хоб ва хўрока таъмин карда, худ низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуданд.

Санаи 11-уми августи соли ҷорӣ бошад 5 аъзои ҲНИТ Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Абдуллоев Ҷ. барои барнагехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ дар купруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии "Давлати исломӣ"-ро овехтанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон - роҳбари ҲНИТ дар бахши шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст. Чунин парвандаи ҷиноятӣ оиди ҳолати афрохтани парчами “ДИИШ” дар ноҳияи Шаҳритуз низ мавриди тафтишот қарор дорад.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва дигаp аъзоёни Раёсати Олии ин ҳизб аз соли 2010 то инҷониб тавассути рўзномаи “Наҷот” ва дигар воситаҳои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар тарғибу ташвиқро дар руҳияи бадбинию мухолифи сиёсати пешгирифтаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсионӣ ба роҳ монда истодаанд.

Бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гуруҳҳои ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовинони Раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ ва Хайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор (муваззаф) кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.

Тибқи нақша мебоист, ки як гуруҳи 40 нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри Миллат, як гуруҳи 25 нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гуруҳи 30 нафара аз се тарафи бинои ВКД, як гуруҳи 25 нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гуруҳи 40 нафара ба Фурўдгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гуруҳҳои ҷинояткорӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом медоданд.

Ҳангоми кофтуков аз утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад бо сарлавҳаи “Бародарони аҳли Наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон хастед!!!”, дарёфт карда шуд. Мувофиқи матни варақаи мазкур, Раёсати олии ҲНИТ дар даъвати хеш аз ҷумла баён доштанд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рўз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шўълаҳои ҷонбахши худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон нерўи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се-чаҳор рўзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурўъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор, ҳар олоту силоҳе доред бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғушта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. ИНШООЛЛОҲ пирўзӣ бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решу бунаш меканем. Соати пирўзӣ фаро мерасад. Бо ҲНИТ бошед”.

Дар ин варақаҳо фаъолияти ҳокимияти имрўза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими “золимонаю бедин” муаррифӣ гардида, шаҳодати онанд, ки ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрўзаи давлатдорӣ, ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар буда, мақсади сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлати имрўзаро дорад.

Бо ин мақсад, шаби 03 ба 04 сентябри соли 2015 номбурдагон тибқи нақшаи амалҳои ҷиноятии таҳия шуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин задаанд.

Аз ҷумла, Назарзода А.М. бо сўиистифода аз мақоми хизматии муовини вазири мудофиа, ҳамчун яке аз сарварони иттиҳоди ҷиноятӣ, дар якҷоягӣ бо гуруҳи ҳаммаслакони ҷиноятии худ, иборат аз 12 нафар, аз ҳисоби шаҳрвандони ғайринизомӣ навбатдории нуқтаи назорати гузаргоҳи Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17615-ро беяроқ гардонида, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17615 ғайриқонунӣ ворид шуда, аз иншоотҳои зикршуда силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимотҳои ҷангиро барои мусаллаҳ гардонидани аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятӣ, тасарруф намудаанд.

Ҳаракатҳои ҷиноятии худро идома дода, Назарзода А.М. ва ҳаммаслакони ў, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Саидзода Бобоҷон ва командири қисми ҳарбии № 08050 -ро дар Вазорати мудофиа ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудаанд.

Дар фосилаи зикршуда, зиёда аз 150 нафар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи Назарзода А.М. дар маҳалли пешакӣ муайяншудаи собиқ “Хлебзавод”, воқеъ дар ш.Душанбе, кўчаи А.Дониш 55, ки ба Назарзода А.М., тааллуқ дорад ҷамъ омада, ғайриқонунӣ бо силоҳҳои оташфишони автомати тамғаи АК, пулемёт, гранатомёт, милтиқи мергании оташфишонӣ, силоҳи тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардонида шудаанд.

Ҳамчунин, номбурда бо дигар аъзоёни гурўҳи ҷиноятии худ, бо суиистифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ғайриқонунӣ мусаллаҳ гардонидани боқимонда аъзоёни иттиҳоди ҷиноятӣ, ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, аз он ҷо шумораи зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла 180 адад силоҳи оташфишони АК тамғаҳои гуногун, 9 адад гранатомёт, 5 адад СВД ва 8 адад силоҳи оташфишони РПК-ро тасарруф намудаанд.

Минбаъд, Назарзода А.М. ва дигар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки баҳри таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон дар ҳолати иҷрои вазифаҳои хизматии худ қарор доштанд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рўдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона намудаанд.

Аз маводҳои таркандаи намуди норинҷак истифода намуда, таркишҳо содир кардаанд, ки дар натиҷа 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафари дигарашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Ғайр аз ин, дар сомонаҳои расмии ҲНИТ хабарҳои иғвогарона паҳн карда, барои сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаанд.

Ҳамин тариқ, пешвоён ва аъзоёни ҲНИТ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кўшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд.

Оиди аз ҷониби ҲНИТ бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта дар давоми солҳои 2014 ва 2015 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин маротиба огоҳномаҳо ирсол карда шудаанд, вале роҳбарияти ҲНИТ ба ин нигоҳ накарда, амалҳои ҷинояткоронаи худро ҷиҳати ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ намуданд.

Ҳамин тариқ муайян карда шуд, ки мақсади асосии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.

Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гуруҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намуда, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) - террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рўзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуд ва паҳни аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб намудани манъ карда шуд.

Мӯҳр
Бехтарин ! Ин хизб соли 2000-ум ва ё аниктараш соли 1991 бояд баста мешуд! "Ислом" хизб надорад! Ин манфиатхохон (ХНИТ) барои хадафхои худ шуда, "Ислом"-ро ба сиёсат кашиданд

Да здраствует наш Суд, самый гуманный Суд в Мире! Урааа, урааа, урааа.

Заррина
Бехтарин икдом!

Рахмдил
Ин корро хам карданд навбат ба хизби Сотсиал демократхоо

Ватан вайрона аз ер Аст е агер е хар ду
Мусибат аз мусулмонхост е куфор е хар ду

Абдуллох
яъне дигар дар точикистон хеч кас хизб кушода наметавонад? Агар ягон кас хизб кушояд онро террорист меброран? Шармандаги аз ин зиёд намешавад

Ali
Таъқиботи сиёси, ки натанҳо ҳадафҳои сиёси балки иқтисоди ҳам дорад, дар авҷи аълост. Баъди ҲНИТ навбати ки бошад? Коммунистҳо? Ҳукумат алакай дархости архиви ҳизбро кардааст, то хубтар аз усулҳои репресияи сталини огоҳ гардад. Социал-демократҳо? мумкин, Зоҳир чанд вақт ки дарак надорад. Агар зинда аст ва дар маҳбас набошад, бояд роҳи гурезро пеш гирад. Онҳое, ки дилашон ба ватану миллат месузад бояд руҳафтода нашаванд, чуноне, ки Ҳофизи бузург мефармояд: «Доимо яксон намонад ҳоли даврон ғам махур!» Боқи дар амони Худо бошед. said,

nabi farhor
Бояд ин хизб барвакт баста мешуд.Давлат дигар кор надорад аз кафои хар яке онхо гашта мегардад.Давлат ру ба тараки аст,боз хар гуна равияхо пайдо шуда хилофииконун рафтор мекунанд.Бигзор дар назди конун чавоб гуянд.

said,
Салом саъид агар ташкили хизб барои манфиат худ бошад пас ин хама хизбхо ба манфиати худ кор мекунанд? Раиси Чумхури мухтарам Эмомали Рахмон дар хизби Халкии Демакрати аст пас ба нафъи худ кор меканад ба манофеи мардум фикр намекунад? Ба ин суханат ки Ислом хизб надорад тамоми хизбхои Точикистонро зери суол бурди пас ин хама азхоб аз кучо пайдо шуданд??? Ха ха ха ха

Абу саид
Саид хай ислом хизб надошта бошад хам дар кишвари парламенти хизби характери дини дошта лозим. Ё ки туям аз точики нави?

Ура
Браво браво браво. Мана мешудааст ку. О хамина барвакттар бандед намешуд.

Вали
Эълон шудани ХНИТ хамчун хизби экстремисти ба нафъи мардуми ЧТ буда, бояд тамоми сокинони ЧТ аз карори Суди оли изхори хушнуи намоянд. Барои чиноятсодир карданаш ХНИТ амали хубро сазовор гашт. Вале афсус дар ин вакт Кабири дар ЧТ карор надошт.

Бехтарин икдом, ин корро бояд барвакт мекарданд, аъзоёни ин хизб танхо барои хадафхои худашон кор мекарданд.

егыти Кулоби
ээээ ин чи шурееест, дар ин даври камар мебинамееее чоооннеееее...

Мазори
озодагон ту хам мармуз хасти, барочи суханхои маро чоп накарди?????????????? дар суханхои ман ягон чои вахшоният, ё террористи буд!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)