Бахшҳо
01 окт 2015 09:21Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Мардум: “Лимит” оғоз шудааст... “Барқи тоҷик”: Не...

“Барқи тоҷик” хабарҳо дар мавриди вуҷуд доштани “лимит” ё маҳдудияти интиқоли барқ дар бархе аз навоҳии кишварро такзиб кард.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”, дар шарҳи иттилои сокинони навоҳӣ аз барқкушӣ дар рӯзҳои охир ба “Озодагон” изҳор дошт, ки расман “лимит” ё худ маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ нашудааст. Дар мавриди санаи расмии роҳандозии “лимит” дар Тоҷикистон Ёдгорӣ афзуд, ки ин ба обу ҳаво бастагӣ дорад.

“Барқи тоҷик” ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ ба навоҳии кишварро дар ҳоле рад мекунад, ки сокинони ноҳияи Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод ва Тоҷикободу Тавилдара дар суҳбат бо “Озодагон” аз камбуди барқ шикоят карданд.

Назрулло Раҳмонов, сокини маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд “аз соати 11-и шаби гузашта то соати 5-и субҳ қувваи барқро хомӯш мекунанд. Вақте ба идораи барқи ноҳия занг задем ҷавоб доданд, ки аллакай дар ноҳияи мо лимит ҷорӣ шудааст”.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта “Барқи тоҷик” аз 1 октябр қисман “лимит” ҷорӣ карда, ин иқдомашро чунин шарҳ дода буд, “қисман маҳдуд намудани интиқоли нерӯи барқ ба он вобаста мебошад, ки ҳар қадар, ки имрӯз сатҳи обанбор дар нуқтаи баланд нигоҳ дошта шавад, таъминоти мардум ва хоҷагии халқи кишвар дар фасли зимистон хубтар ҷараён хоҳад гирифт. Вобаста ба ин, аз 1 октябр сар карда, дар қаламрави кишвар интиқоли нерӯи барқ қисман маҳдуд карда мешавад”.
Мӯҳр
Садо аз Fайб
Дар маркази н.ХАМАДОНИ низ ЛИМИТЧОН оfоз шудааст.

nabi farhor
Мо шахрвандон аз хукумат ва давлати Точикистон ва Барки Точик эхтиромона хохиш менамоем,ки лимит ро дар с.2015-2016 чори накунанд.Мо дар асри 21-асри технология ва рушди давлат зиндаги дорем,наход то хол лимити барк бошад.Ташакур.

Az шумох ехтиромона хоиш мекунем ,ки яг бор ба чашми худ бийоед бинед ки барк хаст йо не ( шохид Аллох ) нохияаи рудаки чимтепа махалаи гулпарвар ягон хона свет надорад яг намояндаи озодагон био ягбор бин ба чашмони худат бад бовар мекуни намояндаи барки точик сад дар сад дуруги махз хаст

Абдуллох
Шармандаги наход дар 23сол мардумро на ба барк ва на ба чои кор таъмин карда натоненд!

Кодир
Хатто дар шахри Кулоб хам хомуш кардани барк сар шудааст. Аз соати 10 руз баркро хомуш кардаанд. Наход дар асри 21 дар Точикистон баркро хомуш кунанд.

Лампочка
Хуш омади эй лимити барк бар кишвари мо.
Нури дида точи сар хар кадамат эй мехмони мо.

Шарм намекуни Ёдгори дуруг мегуи?ман истикоматкунандаи н.Рудаки ч.Гулистон д.сабзикор се руз мешавад лимит чори шудаги.Дар хона кудаки ду моха дорем шабхо хунук шудаги як камтар инсоф кунед.шумо баринхо нобоварии халкро нисбати давлату хукумат зийод мекунад.Барои чи тарики ахбори омма хабар намедихед.Озодагон мавзуи нагзро матрах кардед илтимос то охир пайгири намоед.як чахон ташаккур..

май дар кучаи сомони нохияи рудаки ки 20метр аз гипрозем фарк мекунад баркро хомуш мекунанд ин лимит дар чонмонзад.хукумат сохиб дора .якхел одамо 400долар дар раиси махала дода аз сексяхо свет мегиран.о монадорем доллар чикор кунем

электрик
Бародарон рухафтода нашавед насиб бошад баъди 45 сол Точикистон бо барки доими таъмин мешавад. Холо умедвор набошед, ки ягон чои дил ба умеди намондаст.

варзоб
дар нохияи Варзоб хам аз соатии 11:00 шаб то соати 5:00 субх барк ду руз боз хомуш мешавад

Чароғалӣ
Эй мардум! Шикоят накунед! Ҳаст е нест шукр кунед. Шукр кунед ки чунин давлат доред. Касе ки шукр намекунад, террорист эълон карда мешавад!

шармандаги аст кишвар садхо мушхукумати ки дар муддати 23 сол натонад мардумша ба неруи барк тамин кунад кил дорад аммо хукумат бачои халли мушкилот даст ба корхои мезанад ки бар акс бар мушкилот афзуда мешавад.

Усмон
О то имруза монеъ барой таъмини Ахоли бо кувай барк ХНИТ БУД АЗ БАЙН БУРДЕД НАХЗАТРО АММО ЛИМИТ ФАЪОЛИЯТ ДОРАД КУ(((

tajik
Sokinoni in nohijaho "odam nestand"!
Biyoed, behtarash nomi "Tojikiston"-ro "KULYAB" monem!!!

файласуф
инкадар лимит нагуед бо дар руйхати хочи халим куштон мекнан зиндон ё сари вакт дар хонахотон бе зарар карда мешавед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)