Бахшҳо
03 окт 2015 10:13Тоҷикистон / Сиёсат

Хурсандии Э.Раҳмон аз “ба таври бесобиқа боло рафтани обруву нуфуз”-и Олмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як барқия Йоахим Гаук, ҳамтои олмонияшро бо солгарди Рӯзи ваҳдат шодбош гуфтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти кишвар, дар ин нома аз ҷумла омадааст, “Ҷаноби Олӣ, 25-умин солгарди Иди миллии кишвари дӯст – Рӯзи Ваҳдати Германия имконеро фароҳам сохтааст, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми Ҷумҳурии Федеративии Германияро ба ин муносибати таърихӣ табрику таҳният гӯям. Дастовардҳои назарраси кишваратон мӯҷиби ба таври бесобиқа боло рафтани обруву нуфузи Ҷумҳурии Федеративӣ дар арсаи байналмилалӣ гаштааст, ки ин боиси хурсандии мо мебошад”.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи барқияи табрикӣ гуфтааст: “Тоҷикистон Германияро яке аз ҳамшарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва мо омодаем, ки ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардондани мазмуну мундариҷаи ҳамкориҳои худ бо кишвари Шумо тамоми чораҳои заруриро андешем. Изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг, ва амнияту мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши пайгир хоҳанд ёфт”.
Мӯҳр
а
Айбу шармандагй

Шароф
Мухтарам президент ин масъалаи барк чи мешавад. Дар районо шабу руз хомуш кардестан барка. Хар руз дар минбари боло дар бораи об гап мезанен халк бар надорад чихел мешавад.

ОБРУЮ НУФУЗИ ОЛМОН ДАР ЯК САТХ КАРОР ДОРАД, ИН МОЕМ КИ СОЛ БА СОЛ БА ТАВРИ БЕСОБИКА ПОЁН РАФТА ИСТОДАЕМ ВА ТАБИИСТ КИ ДАР НАЗАРАМОН ОЛМОН БОЛОТАР МЕТОБАД

Шумо хурсанду рушан ва мо халк бесвету торик...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)