Бахшҳо

Орзу ва воқеият

Азизи НАҚИБЗОД

14 октябр дар Душанбе “Анҷумани байналмилалии соҳибкорон, Душанбе-2015” баргузор мешавад. Дар ин анҷуман соҳибкорони тоҷики муқими Русия низ даъват шудаанд. Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабинӣ ҷалби сармояи сармоядорон аз ҷумла тоҷикон ба иқтисоди кишвар аст. Муҳаммади Эгамзод корманди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки ҷалби сармояи Тоҷикони сармоядори Русия бори аввал аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст.

Ин анҷуман дар ҳоле баргузор мешавад, ки бахши ҷалби сармоя дар Тоҷикистон мисли дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон пешравии қобили таваҷҷуҳ надорад. Гуфта мешавад, ки солҳои охир баракс бархе аз соҳибкорон бинобар сабаби мувофиқ набудани фазои тиҷорат дар кишвар сармояҳои худро ба берун мекашанд. Сабаби ҷалб нашудани сармоя ва берун рафтани сармояро коршиносон ба баландии андоз ва мустақил набудани низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин сатҳи бениҳоят баланди коррупсия рабт медиҳанд.

Сармоядор пеш аз онки тасмим гирад, то пулашро дар кадом кишвар ба гардиш гузорад, фазои тиҷорат ва вазъи додгоҳҳояшро таҳлил менамояд. Сармоядор агар мутмаин набошад, ки дар ҳолати ба миён омадани баҳсе додгоҳ ва давлат аз моликияти ӯ пуштибонӣ менамоянд, ҳич гоҳ пулашро ба он кишвар намеорад. Аз ин ва таҷрибаи чандсолаи Тоҷикистон бармеояд, ки бо гузаронидани ҳаргуна чорабинӣ намешавад сармоя ҷалб кард, балки барои овардани сармоя бояд фазои муносиб ба вуҷуд овард.

Баҳсҳои додгоҳие, ки имсол миёни Кумитаи андоз ва ширкатҳои бузурги андозсупоранда ба миён омад аз тарафи додгоҳ ба манфиати Кумитаи андоз ҳал гардид. Ин дар назари аввал ба фоидаи буҷа ва давлат менамояд, вале агар жарфтар таҳлил намоед дар дарозмуддат бар зарари давлат тамом мешавад. Яъне, сармоядоронро ба шубҳа мебарад ва ин шубҳа намегузорад, ки сармоя ба кишвар ворид гардад.

Гузашта аз ин соҳибкорони тоҷик ҳамеша аз санҷишҳои паёпайи мақомоти гуногуни давлатӣ шикоят мекунанд, ки вақти зиёдашонро мегирад ва онҳо ба ҷои онки дар хусуси пешрафти тиҷораташон фикр ё амал кунанд, фурсатро бо ҳисоботдиҳӣ ба мақомот сарф менамоянд. Бюрократия ва қоғазбозии аз ҳад бешро низ соҳибкорони тоҷик сабаби ба кундӣ пеш рафтани тиҷорат меҳисобанд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки бо гузашти даҳсолаҳо мо ҳануз натавонистаем, ки фазои мувофиқе барои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба миён орем.

Овозаҳое мисли он ки бархе гурӯҳҳои “пуштдор” тиҷоратҳои бепаноҳонро кашида мегиранд, низ руз ба рӯз дар Тоҷикистон бештар мегардад. Ин овозаҳо ҳам барои ҷалб нагардидани сармоя нақши калоне бозӣ мекунанд. Агар ин овозаҳо асос надоранд пас заминаи пайдоишашон аз куҷост? Агар асос доранд, ба умеди ҷалби сармоя буданамон танҳо худфиребӣ метавонад бошад.
Мӯҳр
Муслим
Ассалому лайкум
Акаи НАҚИБЗОД тахлили хуб ва дуруст кардаи бо Шумо мувофикам.
Чунин вазъият наметавонад то ба охир давом кунад холо,ки вакт аст бояд масъулини соха чархи иктисоду ичтимоъу тичоратро ба рохи дуруст равона кунанд вагарна баъд дер мешавад.

Худо хохад Точикистони мо бо амри парвардигор рушд ёфт истодааст. Худо баракат тихад Президентамонро

Се омили асосие, ки сохибкоронро аз Точикистон мегурезонад инхоянд:
1. Баландии андоз. Дар хеч кишвари Аврупо ва Осия чунин андози баландро надорад, ки Точикистон дорад. То он руз ки конунгузории андоз бозбини шуда, андоз поён оварда нашавад, сохибкоронро ба Точикистон чалб кардан гайриимкон хохад буд. Масалан мо чи гуна метаонем сохибкорон аз Россия, Киргизистон ва Казокистонро ба Точикистон чалб кунем, ки онхо дар ватани худ 12 фоиз НДС месупоранд, дарТочикистон бошад онхоро зарур меояд, ки 18 фоиз супоранд?
2. Таъмин набудани волоияти конун. Натичаи бахсхои зиёди судии миёни ширкатхои гуногун бо Кумитаи андоз ва дигар макомоти давлати нишон дод, ки дар Точикистон волоияти конун таъмин нест ва хеч як сохибкоре наметавонад, ки манфиатхои худро дар ин ё он суд химоя кунад. Агар сад фоиз сохибкорон дар суд хак будани худро химоя кунад хам, судяхо бинобар мустакил набуданашон, карорро ба фоидаи макомоти давлати мебароранд.
3. Таъмин набудани кафолати моликияти сохибкор аст. Мусодираи молу мулки сохибкорони зиёде дар кишвар нишон дод, ки амнияти моликияти сохибкор дар кишвар таъмин нест ва оддитарин бахс метавонад онхоро аз молу мулкашон махрум кунад.
То он рузе, ки ин се камбуди бартараф карда нашавад, гузаронидани хама гуна форум натичае нахохад дод.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)