Бахшҳо
30 окт 2015 11:49Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Баҳси марги Умаралӣ дар мулоқоти Э.Раҳмон бо Медведев: Гунаҳкорон муҷозот шаванд, то дӯстӣ халалдор нагардад...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30-октябр дар мулоқот бо Дмитрий Медведев, раиси ҳукумати Русия дар баробари масоили дигар аз ҷумла марги Умаралӣ Назаров, кӯдаки 5-моҳаи тоҷикро дар Санкт Петербург ба миён гузоштааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур дар мулоқот аз ҷумла изҳори бовар карда шуд, ки санҷишу тафтиши кирдорҳои кормандони алоҳидаи мақомоти дахлдори Русия, ки боиси марги кӯдаки 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санк-Петербург гардид, бо риояи талаботи қонун ва мунсифона ҷараён меёбад ва омилони ин ҳодисаи нангин ҷазои сазовор мегиранд: “Мо умедворем, ки ин масъала дар доираи қонун ҳал мешавад ва бо ин кӯшишҳои истифодаи ин қазия аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдор барои тезутунд намудани руҳияи гурӯҳҳои маълум, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирони корӣ ва зиён расондан ба муносибатҳои дӯстонаи мо барҳам зада мешаванд”, - таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ раиси Ҳукумати Русия изҳор дошт, ки рафти таҳқиқи ин ҳодисаи нанговар дар зери назорати худи ӯ буда, барои муайян намудани ҳамаи ҷонибҳои ин рӯйдод гурӯҳи махсуси тафтишотӣ созмон ёфтааст.

Марги мармузи Умаралӣ Назарови 5-моҳа, ки баъди гирифтан аз дасти волидон шаби 13 ба 14 октябр дар беморхонаи Симбалина даргузаштааст, дар ҷомеа вокуниши шадид ба вуҷуд овард.

Дар баробари ин қазия дар мулоқоти Э.Раҳмон бо Медведев густариши нооромиҳо дар шимоли Афғонистон ва татбиқи барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону дастгирии техникии нерӯҳои сарҳадии кишвари мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардидааст: “Баррасии масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла иҷрои нақшаҳои кории ширкати Газпроми Русия дар Тоҷикистон ва фаъолияти нерӯгоҳи обии Сантӯда-1 ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд”- иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Мӯҳр
Чамшед
Ин барои онхое буд, ки мегуфтанд чаро Чаноб дар ин масьала лаб во намекунад? Хар як кор вакту соат дорад ва дар ин масьалахои нозук набояд саросемаги кард. Зинда бошед пешвои миллат.

Максад
Ку бубинем, муфаттишони рус, чи кадар ба харфи Президенти давлати дуст э'тибор медиханд. Браво!

Ман
Хайрат Худора шукр

Хатлони
Дуруст бародар.Хамон одамоне ки вак ваки холи мекарданду аз дасташон хичи намеомад, бинанд.
Чамшед,

Мухочир
шармандаги хаст,ки Президент баъди хамма гап задан! Бояд Президент аввалин шуда гап мезад дар хамон рузи аввал! Бародар Чамшед Шукронаи бебарки кунед Шукрона кунед,ки як миллион мухочир доред

Мухочир. Ман нафахмидм шумо читари одамен хамаи чида бохнатона мийовен шумора баран 1 руз да Авгонистон монан хайота мефахмен хамишдам шукрона кнен. Фаркш чи чи аввал гап зана чи охир. Мухочир ношукри накун Аллох бузургай курт накна.

Форс
Авгонисто азмора хубай бародар мардума аз чанг натарсон мон мардум хаки хдша талаб кна агар хами мардум этироз намеакардан чоноби оли вокуниш нишон намедод чаноб мачбуршид гап зана мо агар хамихе мачбур зёд кнем пешрави меша маладем мардуми точик хамеша хаки хтона талаб кне ба Саломон

МуХочир
Бародар Салмон афгонистони чанг зада аз Точикистон барк мехарад ва мардумашро ба барк таъмин мекунад аммо Точикистон барк намехарад барк мефурушад ва хамон барки ки мефурушат барки мо хаст,ки ба Афгонистон мефурушад аммо моидар зимистон барк надорем! Дар муддати 24сол мухочирон зиед шуд на кам! Шукронаи чиро кунем? Магар моро Хукумат мехурона мепушонад? Мо Яхукуматро хуронда пушондестем! Вакте Президент ягон нохия сафар кунед пеш аз омаданаш аз мардум мачбури пул мегиранд барои омадани Президент!

МуХочир
бвродар Салмон шукронаи чиро кунем? Шукронаи бебарки? Шукронаи бекори? Шукронаи беконуни? Шукронаи он кунем ришонамонро метарошан? Шукрона кунем Масчидора бастан?

Асар
Эй Умаралии хурдсолак кош тухам аз Фаронса мешудию Мухтарам Эмомали Рахмон Чаноби Оли хамон лахзае, ки марги туро мефахмид ба оилаи ту изхори хамдарди мекард. Вокеан хам дарди дили мардуми точик хеле бисёр аст лекин дард шунаве надоранд....

Вали
, инчо масъалаи дусти нест масъалаи бекадру кимат ва ба бадтарин шакл поймол шудани хукуки точик аст. Бе ахамияти нисбати сарнавишти миллионхо точик аст, ки хар руз зери латукуби полиси рус аст агар ба як тифл рахм накарданд вой бар холи калонхо. Точик сохиб надорад хукумат надорад кадру кимат надоранд чунки дар ватари худ беарзиш аст. Вой холи ингуна давлату

Чамшед,
Пешвои Миллат пагох падари миллат пагохи дигараш бобои миллат.

99
"ГӮСФАНД ДАР ҒАМИ ҶОНУ, ҚАССОБ ДАР ҒАМИ ЧАРБУ"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)