Бахшҳо

“Созиши Э.Раҳмон ва Отамбоев барои кор набурдани харитаҳои куҳна дар марз”

Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон гуфтааст, ки барои аломатгузорӣ ва таъйини марз бо Тоҷикистон аз харитаҳои куҳна истифода нахоҳад шуд.

Маматалиев дар суҳбат бо расонаҳои қирғизӣ гуфтааст, барои зудтар анҷом додани раванди гуфтугӯ дар мавриди марз мо аз истифодаи харитаҳои куҳна даст кашидем: “Санадҳоеро асос қарор медиҳем, ки дар солҳои 1990, ҳангоми таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақил имзо шудаанд”.

Ӯ таъкид намудааст, ки ин тасмим дар дидори Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон ва Эмомалӣ Раҳмаон, раисҷумҳури Тоҷикистон гирифта шудааст.

Муовини нахуствазири Қирғизистон афзудааст, ки “дар Тоҷикистон коммисияи байниҳукуматиро Азим Иброҳим раҳбарӣ мекунад ва мо чанд рӯз пеш бо ӯ ба ин натиҷа расидем, ки дар ин роҳ кор хоҳем кард”.

Ин мақоми қирғиз инчунин аз ҳалли масоили марз тариқи мубодилаи замин суҳбат карда, афзудааст, ҷониби Тоҷикистон ба ин усул чандон дилгармӣ зоҳир накардааст.

Тибқи гуфтаҳои Маматалиев сокинони наздимарзӣ ҳам чунин тарзи ҳалли қазияро мехоҳанд. “Сокинони Ботканд пешниҳод карданд, ки 48 гектар заминро бо ҳамсояҳо мубодила кунанд”.

Ба гуфтаи ноиби сарвазири Қирғизистон 5 ноябр ҳайати Тоҷикистон барои баррасии ин масъала ба Бишкек ва охири моҳи ноябр ҳайати Қирғизистон ба Душанбе сафар хоҳад кард.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд ва аз ин нишондод танҳо 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.
Мӯҳр
Инро метавонед чун галабаи нахустини тарафи Киргизистон дар бахси марзи эътироф намоед. Акнун хама заминхои то соли 1990 гасбнамудаи киргизхо ба таври автомати аз худашон мешавад.

ГАРИБ
Нахо хамин киризчахако моро фиреб кнан айб аст афсус сад афсус

лола
Дар ҳукумати "ҷоноҷон" дигар ягон боғурур, нотарсу ватандуст намондааст!!! Заминҳоямонро ғасб мекунанд, лаб во намекунем. Тоҷик андар ватани хеш, бешак муттаҳам аст!

Исфарагӣ
Боз заминдиҳиву заминфурӯшӣ! Заминҳое, ки қирғизҳо худравона солҳои 90 ғасб мекарданду, ҳукумати Тоҷикистон аз ин пешгирӣ намекард ва ба суханҳои мардуми маҳал мегуфт, ки замонаш ояд бо ҳуҷҷату далелҳо заминҳоро бармегардонад, қонунӣ ба Қирғизистон гузашт. Раҳмат ҳукумати ҳозираи Тоҷикистон. Мардум ин рафтори шумороҳаргиз нахоҳад бахшид. Таърих албатта баҳои шуморо хоҳад дод.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)