Бахшҳо
31 окт 2015 09:32Тоҷикистон / Сиёсат

Тоҷикистон аз ВАО-и хориҷӣ хост, матолиби ҲНИТ-ро нашр накунанд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ВАО-и хориҷӣ даъват намудааст, ки аз нашри матолиби марбут ба ҲНИТ даст кашанд.

Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВУХ бо нашри як иттилоия изҳор доштааст, “раёсат аз намояндагиҳои ВАО-и хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудаанд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз воридот, пахш ва бознашр намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҲНИТ худдорӣ намоянд”.

Ин ниҳод изҳор доштааст, ки мувофиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкил ё дастгирӣ намудани гурўҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, иҷтимоӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад: “Далелҳо тасдиқ намуданд, ки мақсади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, халалдор кардани дахлнопазирӣ, тамомияти марзӣ ва амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин робита Суди Олии Тоҷикистон 29 сентябри соли ҷорӣ қарор оид ба эътироф намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ-экстремистӣ, боздоштани фаъолияти он ва барҳам додани онро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, қабул кард”.

Вазорати умури хориҷӣ дар охири муроҷиаташ бо изҳори эҳтиром ба ВАО-и хориҷӣ таъкид намудааст, ба ҳамкории судманд дар оянда умедвор аст.
Мӯҳр
Мардум да чи хайёл хаст дар ин бухрони иктисоди пул кор карда фарзандомона хуронем.. Ин вазорати мо дар чи хаёл аст ой вазорати мухтарам шумо фикри халкро кунед ки шояд фардо ё пас фардо ба Торикистон меоянд зеро дар тамоми дунё бухрони иктисоди рафтайсодааст.... Ман дар хукумати Торикистон хайронам барои чи аз муллохои дарбори сар карда то вазоратхо мукобили хнит мубориза бурдайсодаед?? Магар кори шумо хамин аст? ё гайри хнит дигар проблема надорен? ... агар хохед хнит набошад бояд авалан камбуди халкро имлох кунед чои кор маоши хуб вакте мардум осуда бошад на парвои хнит дорад на парвои ххдт....ва дар охир аз вазорат мехостам бипурсам ки барои чи дар тамоми дунё дифо аз тифли 5 мохаи Точик кардан вазорати но мухтарам ва депутатони но мухтарами мо хомуширо ихтиер кардан?дар точикистон на куваи варк хаст на чои кор мардум худро гум кардааст ин вазирони аз момент истифода бурда мардумро ба худ чалб кардани аст ...лекин як чизро фаромуш накунед мухтарам вазирону уламохои дар бори...шумо халкро аз ин бунбаси мухочир и халос кунед чои коршон биёвед ба Худо касам на дигар парвои хнит дорад на парвои давлати исломи Вардак,

99
ТАВБА! ДАҲОНИ ВАО:и ХОРИҶИЯМ ИНҲО БАСТАН МЕХОҲАНД!?

ХНИТ ПНИТ-тонда ку кор надорем ПРОБЛЕМАИ МУХОЧИРОНРО ХАЛ КУНЕД МО ШУМОРО ХАМЧУ КАХРАМОНИ МИЛЛАТ ХИСОБ МЕКУНЕМ ВАЗОРАТИ ХОРИЧАИ ЧУМХУРИ. КРИЗИС 200% аз Мухочирон вобастаги дорад аз Шумо не!

Рустам
Хизби Нахзатро Терористи Эьлон кардед Боз навбати ки бошад Э Хукуматдорон Шумо дигар кор надоред

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)