Бахшҳо
24 окт 2011 11:54Гузориш

Масъулияти сангини оташнишонӣ

Агарчӣ сӯхторхомӯшкунон маоши ночизе мегиранд, вале бояд гуфт, ки дар иҷрои вазифаи худ содиқанду масъулиятшинос.Дар баъзе маврид ҳатто бинои кӯҳнаву фарсудаи хадамот  вайрону валангор гаштаву техникаву таҷҳизоти корӣ ҳам кӯҳнаву бекор гаштан доранд.

Яке аз бахшҳои сермасъул ва дар айни замон хатарбору хавфноки мақомот    хадамоти оташнишонӣ ба шумор меравад. Кормандони ин ниҳод ҷони худро ба гарав гузошта, барои наҷоти ҳаёти одамон ва дороии онҳо, ҳифзи моликияти давлативу шахсӣ кӯшиш мекунанд. Агарчӣ сӯхторхомӯшкунон маоши ночизе мегиранд, вале бояд гуфт, ки дар иҷрои вазифаи худ содиқанду масъулиятшинос.

Дар баъзе маврид ҳатто бинои кӯҳнаву фарсудаи хадамот  вайрону валангор гаштаву техникаву таҷҳизоти корӣ ҳам кӯҳнаву бекор гаштан доранд. Бисёре аз роҳбарони хадамотҳои оташнишонӣ, ки аз масъулият дуранд, иллатро дар набудани маблағ барои таъмиру хариди таҷҳизоту либоси корӣ дониста, дар ин маврид айбро болои роҳбарони болобуда мепартоянд. Вале дар асл, агар роҳбар ҳисси масъулият дошта бошад, метавонад ва низ қодир аст то аксари камбуду проблемаҳоро дар якҷоягӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва коллективи хадамот ҳал намояд. Мисоли ин гуфтаҳо дар қисми мустақили № 32-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Фархор исбот ёфтааст.

Гуфта мешавад, бинои Хадамоти мазкур ҳанӯз соли 1974-и асри гузашта сохта шуда, тайи ин муддат, бино ба гуфтаи масъулин, таъмири асосӣ надидааст. Гузашта аз ин, баъди истиқлолияти ҷумҳурӣ бо таъин гаштани якчанд роҳбарон, дар ташкилоти мазкур тақрибан ягон дигаргуние дароварда нашуд. Ҳамагӣ интизори онро доштаанд, то кай аз Хадамоти марказӣ барояшон кӯмаку дастгирӣ мекунанд.

Бино ба гуфтаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Фархор, баробари ба кор омадани роҳбари нав, подполковники хизмати дохилӣ Саидаҳмад Саидов, вазъ дар ҳамаи самти ин қисм ба куллӣ тағйир хӯрд. Тайи 6-моҳ роҳбари нав бо дастгирии ҳукумати маҳаллӣ, кӯмаку ёрии кормандони хадамот ва соҳибкорони алоҳида, бархе аз камбудиҳоро ислоҳ намуд. Барои нахустин маротиба, тайи наздик ба 40-соли ахир бинои хадамот таъмири асосӣ гирифта, утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти нави замонавӣ таҷҳизонида шуданд. Як толори нави машғулиятгузарониву машваратӣ, майдони махсуси варзишӣ, хобгоҳи ҳайати шахсӣ, ошхона барои 40 ҷойи нишаст, дарвозаи даромадгоҳ бунёд ёфтаву  ҳамзамон утоқи қисми навбатдорӣ ва мошинсарой аз сари нав таъмир карда шуданд. Инчунин, нақлиётҳои махсуси оташнишонӣ таъмир гаштаву бо қисмҳои эҳтиётӣ таъмин гардиданд. Подполковник Саидов мегӯяд, барои таъмиру азнавсозиҳо вазорати молияи ҷумҳурӣ 84-ҳазор сомонӣ кумак намуд, боқӣ бо ташаббусу дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расидаанд.

Тайи давраи кӯтоҳи роҳбарии Саидов, ҳадамоти давлатии оташнишонии Фархор дар озмуни умумиҷумҳуриявӣ қисми беҳтарин шинохта шуда, бо дастгирии роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ бо 1-адад автомашинаи махсуси оташнишонӣ, ки 170-ҳазор доллари амрикоӣ арзиш доштааст, қадр шуд. Масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифа ва меҳнати босамари подполковник Саидов аз назари роҳбарият дур намонд. Даҳаи саввуми моҳи октябр семинари умумиҷумҳуриявии оташнишонӣ ва ҷамъбасти 9-моҳаи сохтор маҳз дар ҳамин қисми мустақил баргузор гардид. Роҳбарияти Хадамоти давлатӣ ва намояндагони сохтор аз вилоятҳо, шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз дастоварду тарзи фаолият дар ин қисм аз наздик ошно гаштанд. Дар маросим раиси ноҳия Қурбонбой Каримов низ ширкат намуда, аз ташкилотчигӣ ва ӯҳдабароии роҳбари қисми оташнишонӣ изҳори ризоият намуд. Қайд гардид, ки аз аввали сол инҷониб кормандони қисми мазкур дар пешгирӣ ва сӯхторхомӯшкунии 21-ҳодисаи оташсӯзӣ дар ҳудуди ноҳия хизмат намуда, зиёда аз 40-ҳазор сомонӣ молу мулки сокинонро аз сӯхтор наҷот додаанд. Подполковник Саидов тобистони имсол тӯйи хатнасури беш аз 20-нафар фарзандони ҳайати шахсиро гузаронида, инчунин дар анбори маводи озуқа захираи ҳангуфти маҳсулотро захира кардааст.

Аслиддин Достиев{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)