Бахшҳо

Ҳукумат ба Кумитаи амният ҳаққи масдудсозии алоқа ва интернетро дод

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бо терроризмро тасдиқ кардааст, ки тибқи он дар ҳолатҳои зарурӣ дастрасӣ ба алоқаю интернет на танҳо дар минтақаҳои алоҳида, балки дар тамоми қаламрави Тоҷикистон метавонад, масдуд гардад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон имрӯз, 16 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, дар қатори 23 масъалаи рӯзнома ҳамчунин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод гардидааст: "Тибқи тағйирот ба моддаи 20-и қонуни феълӣ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, қисми 3 илова карда мешавад, ки бар асоси он бо дархости субъекти асосии бевосита ба зидди терроризм муборизабаранда дар минтақаи амалиёти зидди террористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ва ё минтақаҳои гуногуни он хизматрасонӣ тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он метавонанд, муваққатан боздошта шавад”.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласаи Шӯро зикр гардид, ки қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки минбаъд дар ҷумҳурии Тоҷикистон то ба анҷом расондани амалиёти зидди террористӣ фазои иттилоотии қаламрави кишвар ё минтақаҳои ҷудогонаи он халалдор нагарданд.

Гуфта мешавад дар сурати тасвиби ин тағйирот аз сӯи парлумон мақомоти қудратӣ, аз ҷумла Кумитаи амнияти миллӣ ҳақ хоҳанд дошт, ки дар минтақаи амалиёт алайҳи террористон дастрасӣ ба алоқаи электронӣ, аз ҷумла алоқаи мобилӣ, интернет ва ғайраро маҳдуд кунад.
Мӯҳр
Кемеров
Бе ин хам харвакт мехостед мебастед ин боз чи масхарабози аст. Ин тахкир ба миллат тахкир ба озодии баён тахкир ба одаму инсоният аст.

kishvar
Salom TOJIKISTON! TOJIKISTONI AZIZ interneti khubham nadosht!

Хандабозорь
Зинда бош эй ватан, Тоҷикистони азизи ман...


Ин кори шумо Вашингтону Лондонро бо Маскав аз таҳти дил хандонд, оё хабар доред?
Сайтбандони шумо он чунонист, ки агар шумо гуед соати шаш барқро хомӯш мекунед ва мардумро мегуед ки соати ҳафт баромадро бубинанд....
Хандаовар нест? Акнун механдед? Яъне фаҳмидед?

Озодагон чоп кун. Ягон мағз фаҳмида мемонад мабода.

Ташаккур ба хамаи кормандони полис (милитсия) Шумо хастеду мо ором мехобем!!

Ташаккур ба хамаи кормандони полис (милитсия) Шумо хастеду мо ором мехобем!!

Спасибо
и бечора калонхо интера бомба мефахман ай кучо ба интер сару кор доран чи фарк дорад баста аст ё боз барои инхо

Санавбар


Ин Хукумат барои худаш кардапаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)