Муфлисшавии “Хазинаи Сомониён” ва 11 ташкилоти қарзии дигар дар 1 моҳ
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарорҳояш аз 13 ноябр фаъолияти 7 ташкилоти қарзии хурди дигарро қатъ кардааст.
Тибқи иттилоияи дафтари матбуоти Бонки Миллӣ ташкилотҳои “Хубҷамъ”, “Хазинаи Сомониён”, “Саодат сармоя”, “Кайёниён”, “Дӯстком”, “Дафтари молиявӣ” ва “Барҳақ” хостори барҳамдиҳии ихтиёрӣ шудаанд: “Ин ташкилотҳо натавонистаанд, андозаи ҳадди ақали сармояи воқеиро таъмин кунанд ва сатҳи миёнаравии молиявии ташкилотҳои зикршуда тайи чанд соли охир дар бозори молиявии ҷумҳурӣ коҳиш ёфта буд”.
Бонки Миллӣ мегӯяд, иҷозатномаҳои ин ташкилотҳои қарзии хурд бозхонд мешаванд: “Ба замми ин, мақомоти ваколатдори ташкилотҳои қарзии хурди зикршуда вазифадор карда шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд”.
Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ 17 рӯзи пеш Бонки Миллӣ аз қатъи фаъоляти 5 ташкилоти қарздиҳии хурд - “Авлодон”, “Беҳнамо”, “Имкон 2010”, “Омад” ва “Умеди Ёвон” хабар дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |