Бахшҳо

Ёрдамчии президент посух меҷӯяд: Оё манофеи динию миллӣ бархӯрд доранд?

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мегӯяд, Тоҷикистон ягона кишвари форсизабон аст, ки роҳи дунявиятро интихоб намудааст, ки дурустии онро таърих нишон дод.

Раҳмонзода, имрӯз, 19 ноябр, зимни Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дин ва миллат: низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом» дар Душанбе изҳор дошт, ки мо бояд бештар ғояҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги миллиро ташвиқ намоему дини худро ҳамчун қисмати умдаи фарҳанги волои миллии худ муаррифӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ кунем.

Ӯ бо таассуф изҳор дошт, ки солҳои охир муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусияти бӯҳронӣ касб намудаанд ва мураккабии вазъро дар он арзёбӣ намуд, ки гурӯҳҳои тундрави гуногун арзишҳо ва муқаддасоти диниро барои барангехтани оташи кинаву адоват ва хушунату хунрезӣ истифода мебаранд. Ёрдамчии Президент бо зикри тарконидани ҳавопаймои Русия дар Миср ва ҳамлаҳои террористӣ дар Порис афзуд, ин ҳодисаҳо, нишон медиҳанд, ки ҳеч кишвар ва фард аз вабои хатарноки аср дар амон буда наметавонад.

Ёрдамчии президент ҳушдор дод, ки дар Осиёи Марказӣ низ ҳастанд нерӯҳое, ки динро муқобили ҳукуматҳо гузошта, талоши ба вуҷуд овардани ноамниро доранд: “Мехоҳанд дар байни мардуми ҳанафимазҳаби Тоҷикистон ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ тафриқа ва ҷудоӣ андохта, тавассути бадном кардани дини мубини ислом ва муқобилгузории он бо ҳоқимияти давлатӣ ба амнияту ваҳдат ва рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳо халал ворид намоянд”.

Раҳмонзода дар шароити кунунӣ зарур гуфт, ки ҷойгоҳи дин дар давлати дунявӣ, манфиатҳои давлату миллат, дунёситезӣ ва динситезӣ таҳлили илмӣ шаванд. Ӯ изҳори умед, ки аз донишмандону коршиносони иштирокдори конфронс ба суолҳои зерин посух хоҳад гирифт: “Оё манфиатҳои динӣ ва миллӣ бо ҳам бархӯрд доранд? Ба ҳам мувофиқ омадани ин манфиатҳо дар кадом сатҳу дараҷа қарор дорад? Оё ин омилҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд барои таъмини амнияти бардавом ва сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ва минтақа мусоидат кунанд? Чӣ гуна умумият ва ихтилофҳо дар иҷрои лоиҳаву барномаҳои марбут ба масоили динӣ ва миллӣ вуҷуд доранд ва роҳҳои бартараф намудани камбудиҳо ва расидан ба ҳамгироӣ кадомҳоанд?”.

Ёрдамчии президент дар талоши посух ба ин суолҳо изҳор дошт, ки ошкоро ба назари мо дар шароити кунунии бунёди давлати миллӣ тафовут дар байни тафаккури рӯҳониён ва тафаккури муосири дунявият ҷой дорад: “Моро зарур аст, ки бештар ғояҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги миллиро ташвиқ намоем ва дар доираи ҳамин меҳвари асосӣ дурнамои фаъолиятамонро муайян гардонем. Вобаста ба ин мо бояд дар атрофи омӯзиш ва дастрасии фарҳанг ва барномаҳои умумимиллӣ муттаҳид гардем ва дини худро ба сифати як қисмати умдаи фарҳанги волои миллии худ муаррифӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ намоем”.
Мӯҳр
...Chiba ne?Ba chalki oddii mo chi farg dorad ki ki in ravandro jomai amal mepushonad?Mo hama yak TOJIKEMU zodai in DIYOR.Ba'ze ichtilofhoi nafsi y'ne mansabtaloshi,doroi dunedarkashi dar ba'zei mo dida meshavad ki jomeai moro tiravu chira menamoyad,ana az hamin illatho ki chalos shudem hama chub meshavad.

Эээ тоба тоба..ба фикрам чаноби оли шумора гуфт рафта баромад кунед чи бало?

Муслим
Ассалому алайкум

Ба фикри ман дин ин як кисми фарханг нею фарханг як кисми дин аст.(мурод аз фарханг ,фарханги нимбарахнагию таклиди нодурусти гарби нест).

сармад
Окои Абдучаббор! Шумо хак хастед ки чунин суолро пажухиш мекунед. Дар хакикат хам тули таърихи мо хар гох исломиёни мутаасиб сари кудрат омадаанд давлатдории миллии точикон сарнагун шудааст. дар ин бобати як олими ирони низ пажуххише дорад. ба хотир оред Сомониёнро чун муллохои мутаасиб дарборро тасаллут карданд халкро аз чанг зидди Махмуди газнавии турк боз доштанд ва давлтаи точикон аз даст рафт. солхои таксимоти худуд байни точику узбак муллохои мутаасиб ташвик мекарданд ки касе худро точик гуяд яъни шиъа аст ва миллионхо точик ба ин дом афтода гуё суннияти худро хифз карда миллати худ точикияти худро аз даст доданд. холо мо боз дар хамин мархилаем. инхо таргибот мебаранд ки номхои Сухробу рустамро ба араби иваз кунед. Худо нагуед Оллох гуед . тули 20 сол номи Далеру Шабнам ... комилан ба номхои араби табдил шуд. Точикони имруз майли зиёд ба таасуби мазхаби доранд бехабар аз он ки хувияти миллии худро аз даст медиханд. курбони ришу саллаву эзорпочашуда ба гуломи беному миллат табдил меёбанд. ингуна тамоюлро дар таърих ШИКАСТИ МАЪНАВИИ МИЛЛАТ мегуянд ки хаммаънои марг ва фано аст. метарсам ки ингунахо холи моро ба холи афгонхо баробар мекунанд. Давлатдории хеле кави мебояд то миллати точикро начот дихад!!!!!!!!

Бундахишн
Барои дар амон зистани мардуми Точикистон чанд рухонии маъруфро бояд аз хакки харф задан махрум кард як оила дар Орчоникидзеобод якта дар Кулоб хам пайдо шудаст ва чанд тани дигар дар Тавилдараву кургонтеппаву хамин шахри Душанбе хастанд ки мачбур ба риояти либоспуши ва рох рафтану одоби суханрондани асри 21 кард набошад ин паразитхои дуруггу аз фархангу илм инсонхоро дур сохта ба вайронахои асри 6 милоди назди дуруггуи аслиашон хоханд бурд

Хамин дини покиза буд, ки миллатхоро бо рохи росту зиндагии инсони рохи кард..набошад то хол ба монанди гузаштагони бедину е намедонам зардуштиенатон бо модару хохари худ издивочу ххамхоби мекардед то то насли Ардашеру дигар Сосониенатон боки бимонад..
Ин буд фархангу маданияти миллии зарддуштиятон бединхо!!!

точик
Шикасти маънавии миллат аз дасти худи сар задаги.

Имома задаги
то хол ба монанди гузаштагони бедину е намедонам зардуштиенатон бо модару хохари худ издивочу ххамхоби мекардед

Фалони гузаштагони маро хурди бо ин дуруги мусулмониат фахмиди. ки гуфт ки ин хел буд агар ин хел мебуд ману ту холо инцест будем ин дуругхои таърихиро бовар кардан худ аблахист аммо ин кадар ихтироъот ва пешрафти ки ба дасти башар шуд ва мешавад хеч кадомаш аз дасти ту ва мисли ту табармусулмонхо набудааст ва нахохад буд зеро шумо фанатикхо дар,,, худ фуру рафтаед ва касе ба додатон намерасад дуюм ин ки ягона тафаккуре ки аслан фоида надоштаасту зарараш ба миллиардхо инсон расидааст дар давоми таърих хамин фанатизми исломи будааст .. дар давоми таърих дар даст як чилд Куръон дар якдаст шамшери ганимат гирифта шуда аз Мисру Сурияву дигар кишвархо шумо факат шикамхои занони бордорро пора кардаед ба тухмати куфр ва илход ва сари донишваронро буридаед ва ё фирориашон додаед ва албатта зери шиори "Аллох фармудааст". ягона мардуме ки хеч вакт зери бори ин нангин тафаккур нарафт хиндухо буданд тамоми донишмандон холо хам хайронанд ки миллионхо хиндуро Газнави то Бобур Темурланг ва дигар чаллодони таъхрих аз дами тег гузарониданд зану духтархои 7-8 солаашонро асир гирифтанд ва хатто тажовуз карданд мусулмон нашуданд. Холо дарбораи ливотати шумо ва ганимат гиирфтани духтарони 7- сола гап намезанам тамоми дунё фахмидааст аллакай. бар сари шумо нодонхо ва аблахон бомбахои зиёд рехта шуда ба наздики аз руи замин тухматон пок хохад шуд. Дар кишвархои мисли Точикистон бо шарофати чаноби оли аз решаву бун нобуд карда хохед шуд.

Навруз
ту "мусалмони " бесавод ба тухмати араб бовар карди ки зардуштиён бо хохару модари худ бадрафтори мекарданд. наход ононе ки императории бузургро дар ним дунё ташкил карданд наход Рустаму Сухробу дигар кахрамонони миллат то индарача чохил буданд ки адаб надоштанд. аввалин байраки давлати моли онхо буд Дирафши ковёни... ва гайра ислом дини хуб аст аммо афсоахои соддааш кобили бовар нест. шумо ин тухматхоро ба АХЛИ БАЙТИ ПАйгамбар хам мезанед агарчи онхо зардушт нестанд. холо босмачзодаи зиёде дар Точикистон пайдо шуда ки Исломро байраки сиёсии худ карда дар холе ки аз Исломи аклони буе набурдааст. Фаромуш накунед худо нокарда агар шуре андозед индаъфа аз сибир дуртар меравед . мо бо Президенти хеш бо чомеаи солимфикр хамакида хастем ки ифротгароии динирор пахш мекунем......!!!!!

али
Чаро суханхои моро намегузоред магар гайри мусалмон хастед шумо ОЗОДАГОН?

Хайфи мо точикон ки имруз ношукри аз дину мазхаби хеш мекунем. Ному шарафи миллати точик аз пайдоиш то имруз хамеша пайвастабо ислом буд. То ислом на номи точик буду на шоиру на олимси точик. Махз ислом сабаби давлатдории Сомониён гашту илму фарханги миллати моро ба авчи аъло расонид. Шумо дар хама бадбахтихои дунё исломро гунахкор мекунед ки бе асос аст. Магар чангхои чахониро ки сабаби марги миллионхо гаштанд мусулмонон сар карданд?

Фишори кабр
Махз ислом сабаби давлатдории Сомониён

Вакте савод набошад, баъд ёваву хазён зиёд мешавад, Сомониён агар 20 ё 30 соли дигар боки мемонданд шояд дар Осиёи Миёна аз ислом ному нишон намемонд ( мисли Андалус) кадом донишмандро аз давраи Сомони метавони мисол биёри ки мусулмони махз будааст киро Беруниро, Синоро, Балъамиро Фороби ё каси дигарро ё Фирдавсиро ё Рованди ё касои дигарро ин афсонаатро бра ба ягон эшона бгу дуввум ин ки мусулмон боши корта бкун бгарду ба илм кордор наша.. Точик хеле пештар а ислом пайдо шуда буд ва дар Абасто бо исми доик омада ва яке аз кавмхои бузурги эронитабор будааст

4545454545
хахахахахахаахахахахахахх

Хай раве аз руи авасто зиндаги кунед босаводо. Дар кучое як зажигалкара дидед таъзим кардан гиред. То Сомониён нишоне аз точикон набуд. Як олими даврони пеш аз исломи точикро ном гир ин кадар босавод боши агар? Сахифаи аввали Шономаро кушо як бор дар хаётат ки Фирдавси бо ханду санои Худованд асари бузургашро огоз кардааст. Сино чи асари бузургу оламшиноси худро магар бо забони араби нанавиштааст? Аз руи шумо барин курсаводони миллатпараст халки мо дар чунин пастии маъданиву маънави афтодааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)