ВКД: Беэҳтиётии донишҷӯ сабаби ҳалокати се нафар шудааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати се нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, 25 ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ҷавони 20-сола, донишҷуӣ бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “КИА-Спортеж”, таҳти идораи ронанда, марди 42-солаи сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст: “Дар натиҷа мусофирони автомашинаи “Опел-Вектра”, се ҷавони 20-сола, яке донишҷуӣ бахши 3-юми Донишгоҳи олии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Қирғизистон, дигараш донишҷуӣ бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва сеюмӣ бекор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд”.
Манбаъ меафзояд, мусофирони дигари автомашинаҳои мазкур, ҷавонони 20-сола, яке сокини шаҳри Хуҷанд ва дигарӣ сокини шаҳри Панҷакент ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |