(ВИДЕО) Омӯзгори бознишаста: Президент барои исботи кори илмиям дар Русия кумак расонад
Як омӯзгори тоҷик орзу дорад, ки раисиҷумҳур ҳаҷми нафақаашро баланд бардошта ва барои сафар ба Маскав ҷиҳати ҳимояи кори илмиаш кумак намояд.
Ҳасан Давронов, зодаи ноҳияи Данғара ва ҳоло сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мегӯяд, бо 49 сол таҷрибаи омӯзгорӣ ҳамагӣ 348 сомонӣ нафақа мегирад. Ӯ ба дафтари “Озодагон” омада, гуфт, солҳои тулонӣ дар Техникуми молиявии Академия илмҳо, 21 сол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва шаш сол дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав кор кардааст, аммо ҳоло бознишаста мебошад. Оқои Давронов афзуд, барои кор ба чанд ҷой, бо шумули Донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат кард, аммо бо далели ба синни нафақа расидан, ӯро ба кор нагирифтанд.
Ба қавли ин омӯзгор, ҳоло дар як манзили иҷора дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунад. Мегӯяд, муаллифи 65 мақола ва 12 китоб буда, соли 1991 ба навиштани кори илмиаш дар соҳаи биофизика шурӯъ кард, аммо бо сабаби нооромиҳо ва набудани шароит натавонист сари вақт онро ҳимоя кунад: “Соли 2003 онро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя кардам. Ҳама бо як овоз кори илмии маро қабул карданд, аммо баъдан ба Комиссияи аттестатсионии олии Маскав хатҳои беном равон карданду кори маро онҷо қабул накарданд”.
Ҳасан Давронов меафзояд, барои ҳимоя ба Маскав рафтанӣ буд, аммо маблағи кофӣ надошт: “Ба ректори донишгоҳи тиббӣ барои кумак муроҷиат кардам, аммо ҷавоби рад гирифтам. Гуфтанд мо барои шумо маблағ надорем”.
Ба ин тартиб ба гуфтаи ӯ, аз он замон кораш дар Маскав “хоб” аст ва шароите надорад, ки рафта онро ҳимоя кунад. Ин омӯзгор аз раисиҷумҳур хоҳиши кумак дорад: “Ман аз Ҷаноби олӣ илтимос мекунам, ки ба ман кумак расонад, то ба Русия рафта, кори илмии худамро исбот кунам”.
Мегӯяд, баланд бардоштани ҳаҷми нафақааш аз дигар орзуҳояш мебошад, зеро бо 348 сомонӣ таъмини зиндагӣ хеле мушкил аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |