Эмомалӣ Раҳмон дар Фаронса бо намояндаи ширкатҳои Аэробус ва Тотал мулоқот кардааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Фаронса бо ноиби раиси ширкати Аэробус ва ноиби аввали президенти ширкати Тотал мулоқот кардааст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ медиҳад, ин ду мулоқот шоми дирӯз, 29 ноябр дар шаҳри Париж сурат пазируфтаанд. Ба иттилои манбаъ, дар дидор бо Силвер Дэлонэро, ноиби раиси ширкати Аэробус (Airbus) дар мавриди “имкони рушди ҳамкориҳои судманд дар соҳаи нақлиёт табодули андеша карда шуд”.
Дар мулоқот бо Майкл Боррел, ноиби аввали президенти ширкати Тотал бошад, дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат баррасӣ шудааст: “Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар оғози суҳбат оид ба имкони фарохи ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ ва содироти захираҳои он ибрози андеша кард. Ҷонибҳо бо дарназардошти имкониятҳои мазкур таъкид намуданд, ки ҳамаи ин тадбирҳо боиси натиҷаҳои мушаххас дар рушди бахши нафту гази Тоҷикистон хоҳад шуд”.
Манбаъ меафзояд, инчунин оид ба имкониятҳои дигари сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадори Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулот таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 ноябр ҷиҳати иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони милали муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Фаронса сафар кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |