Бахшҳо
30 ноя 2015 15:32Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Н.Исоев: Тоҷикистон метавонад ҷойгузини мақоми Туркия дар бозори Русия бошад

Никита Исоев, раҳбари Институти иқтисоди муосири Русия гуфтааст, ҷои маҳсулоти кишоварзии Туркияро дар бозори кишвараш маҳсулоти Тоҷикистон мегирад. Ин мақоми рус гуфта, “Русия Тоҷикистонро ҳамчун шарики муҳим дар шароити тезу тунди ин кишвар бо Туркия мебинад ва метавонад ҷойгузини мақоми Туркия дар бозори русӣ бошад”.

Ба гуфтаи Никита, Тоҷикистон алакай ба Русия анор, себ ва хурмо содир мекунад. Ӯ аз қавли ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, дар моҳҳои сентябр ва октябр 300 тон аз меваҳои зикршуда содир шудааст. Ҷаноби Исаев қайд карда, ки ҳоло дар вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон қарор аст ду маркази логистикӣ бунёд шавад: “Ин марказҳо метавонанд содироти маҳсулотро бештар кунанд ва ҳамзамон ҷойҳои корӣ бунёд мешавад".

Ӯ аз қавли масъулини Хадамоти федеролии гумрук гуфтааст, содироти маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар моҳҳои январ–сентябри соли 2015 то 44.7% афзоиш ёфта, 1.9 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, “ин нишондоди он қадар боло нест, аммо мо барои бештар кардани ин захира дорем”.

Исоев қайд кардааст, ки Русия дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дар ҷойи аввал қарор дорад. Тибқи иттилои Хадамоти федеролии гумрук, соли 2014 ҳаҷми гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон 928,3 миллион доллар будааст. Ин ҳисоб нисбат ба соли 2013, 23% бештар аст. Ба ин тартиб, содирот 23% афзоиш ёфта воридот 1.6% коҳиш ёфтааст.
Мӯҳр
Дехкон
Акои чун охи хаму махсулото дар худамон нест мо чиро ба русия содир кунем. ман худам охирон бор дар хотир надорам ки кай анор хурда будам. баст кунед ин гапхоро мо кучо туркия кучо. русия аз шармандаги намедонам чи кор кунад

Дар хакикат ман низ чонибдори акидахои Никита Исоев хастам, чун ки давлати Туркия бинобар сабаби наздик будан бо Федератсияи Русия пас аз бархам хурдани ИЧШС, ки рафту о байни ФР осон гардид ва доду гирифтхои иктисоди байни ду давлат ривоч ёфт, точирон ва шахрвандони турк бозорхои мева, мехнат, сохтумон, сайёхат ва бисёр дигар муносибатхои хизматрасониро кисми зиёдашро аз худ намуданд кариб, ки монополия кардагиаст . Имруз ба мардуми Точикистон ба хусус кишоварзон, точирон ва сохибкорон имконият фарохам омадааст ва инро аз фурсати муносиб истифода намудан зарур аст. Зеро аз чихати мазза ва тамъ мевахои Точикистон хуштамъ ва ширин низ хастанд, аз чумла памидор хам. Аз дигар чониб кишоварзони точик метавонанд мехнати бештар карда истехсолотро зиёд кунанд, вакто ки харидори хуб дар бозор пайдо мешавад хатман кушиш намудан даркор аст, ки иктидори истехсолотро зиёд намоем сифати махсулотро чавобгу ба талаботи чахонимувофик созем. натичахои хосили мевахои солхои охир ба монанди себ, ангур, анор, лиму, хурмо ва гайра исботи онанд, ки имконияти пурра дорем, ки хам худро хуронем ва хам содир намоем. Дар даврахои Шурави мардуми мо содироти хамаи хамин махсулотхоро мекард, чунки аз хорич ба хукумати Шурави воридот тамоман кам буд аз солхои 90-ум ин чониб ин бозор ба туркхо гузашт. Ман низ бовари дорам, ки бо ин воситаи ба миён омада имконияти дар бозорхои зикргардида мардуми мо бо чойхои кории нав таъмин мешаванд ва аз дигар тараф иктисодиёти кишварро гани мегардонанд. Аз хамин хотир аз кишоварзон точирон ва сохибкорон хохиш менамоям, ки иктидори махсулоти меваги, цитруси ва полезиро зиёд кунанд, консервироват кардани чунин мевахоро низ ба рох монанд, чун ки харидорони он хам кам нестанд.


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)