Бахшҳо

Раиси Бонки миллӣ гуфт, саррофиҳо аз усулҳои ҳаннотӣ ва қаллобӣ истифода мебаранд...

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон иллати дар як муддати кутоҳ болоравии қурби долларро дар ҷумҳурӣ ба паст будани масъулият ва аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба дараҷаи зарурӣ ба роҳ монда нашудани назорат аз болои кори нуқтаҳои мубодилаи асъор унвон кардааст. Ӯ ин нуктаро дар ҷаласае оид ба вазъи феълии бозори дохилии асъор иброз доштааст.

Дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, дар ин ҷаласа вазъи феълии бозори дохилии асъор, сабабҳои баланд шудани қурби доллари ИМА ва роҳҳои ба эътидол овардани ҳолати баамаломада, пешгирӣ кардани омилҳои ҳаннотӣ ва қаллобӣ ҳангоми анҷом додани амалиётҳои хариду фурӯши асъор ба таври ошкоро ва ҷиддӣ баррасӣ гардидааст. Раиси Бонки миллӣ гуфтааст, “бо вуҷуди беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ дар бонкҳо мушкилот ҳамоно дар самти назорат аз болои амалиётҳои марбут ба мубодилаи асъори хориҷӣ, ҷалби амонатҳо ва пешниҳоди қарзҳо ба аҳолӣ ҳодисаҳои ташвишовар ба қайд гирифта шудаанд”.

Ба қавли оқои Нурмуҳаммадзода, аз ҳолати беназоратӣ аз болои мубодилаи асъори хориҷа кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор аз усулҳои ҳаннотӣ ва қаллобӣ моҳирона истифода бурда, бидуни ягон асос қурби асъори хориҷиро баланд бардошта, даромади муфт ба даст оварданд.

Нигаронии Нурмуҳаммадзода аз болоравии қурби доллар дар ҳолест, ки дар саррофиҳои кишвар як доллар 7,35 харида ва 7,45 сомонӣ фурухта мешавад.
Мӯҳр
бизнесмен
О хаму долара бархам дода намешавад бархам тиен.

бе ном аздаси долар
ЭЭЭЭ бовар кунед ами кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор зараэ инсофашон намондаги ман намедонам чи гуям.............

Салим
Окои Чамшед агар аз дасти саррофон боло ё поён бурдани пули як мамлакат меомад барвакт ин саррофонро Чорч Шорош ё биржахои мамлакатхои гуногун ба кор даъват мекарданд.Вале онхо ба хеч кас даркор нестанд.ва ин як накша буд барои бозори арзро ба даст овардан тамом ва салом!.Ногуфта намонад омилхои болоравии курби арз гуногунонд ки хамаи мо нагз медонем.

Ин хел ки бошад чаро кормандони макомотхои дахлдор зидди калобон мубориза намебаранд? Ман фикр мекунам, ки мубориза он кадар кори душвор нест! Аз сафи кормандони макомотхои дахлдор ва чомеаи шахрванди 3-4 гурух чамъ оварда дар хафтае як маротиба "РЕЙД" гузаронанд, то ки калобии кормандони нуктахои мубодилаи асъорро ошкор намуда, ба чавобгари кашанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)