Омодагиҳо ба Соли нави мелодӣ дар шимоли Тоҷикистон (АКС)
Дар вилояти Суғд омодагиҳо ба пешвози Соли нави мелодӣ оғоз шудааст.
Дар шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилоят ба насби арчаи солинавӣ шурӯъ кардаанд. Ориф Набиев, раҳбари Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, ба “Озодагон” гуфт, ин арча 18 метр баландӣ хоҳад дошт: “Соли гузашта баландии арча 16 метр буд, имсол 2 метр баландтар карда шуд”.
Оқои Набиев гуфт, мисли солҳои қабл аз Соли нав бидуни ягон маҳдудият ҷашн мегиранд: “Дар назар аст, баъд аз 15 декабр барномаҳои консертӣ аз соати 14:00 то 18:00 бо иштироки ҳунармандону чеҳраҳои нави вилояти Суғд оғоз гардад. Консерти асосӣ бошад, шаби 31 декабр, аз соати 18:00 шурӯъ мегардад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |