Бахшҳо

(ВИДЕО) А.Холиқзода: Қонуни “Пешвои миллат” ҳаракат сӯи диктатура нест

Абдураҳим Холиқзода, вакили парлумон ва раҳбари пешини Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, қабули қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат", ки ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар расман унвони “Пешвои миллат” дод, “ягон хел ҳаракат ба сӯи диктатура нест”.

Оқои Холиқзода имрӯз, 9 декабр баъд аз он ки вакилон якдилона аз тарҳи қонуни мазкур пуштибонӣ карданд, ба хабарнигорон гуфт, “бо вуҷуди он ҳама хизматҳои таърихие, ки роҳбари давлат кардаанд, ин қонун барои шахсият нест. Барои давлату давлатдории муосири тоҷикон, таъмини истиқлолияти давлатдорӣ мебошад”.

Ин вакили парлумон, ки яке аз муаллифони тарҳи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" мебошад, мегӯяд, доштани Пешвои миллат аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё гирифта шудааст, ки шахсиятҳое дар бунёди давлатдориашон нақши таърихӣ бозидаанд: “Агар таърихи 300-солаи давлатҳои демократию муосирро нигоҳ кунем, ҳанӯз аз Шататҳои муттаҳидаи Амрико сар карда, дар кулли давлатҳои мутамаддин шахсиятҳое дар саргаҳи ин давлатҳо истодаанд, ки онҳо дар бунёди давлатҳо нақши таърихӣ бозидаанд. Мо метавонем мисол биёрем ҳам Покистонро, ҳам Ҳиндустон, ҳам Туркияву Қазоқистонро”.

Абдураҳим Холиқзода афзуд, “президенти кишвар барои миллат ва мардуми Тоҷикистон хизмати таърихие кардаанд, ки қадршиносии он фикр мекунам ба арзишҳои демократӣ мухолифат надорад”. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон, ки бархе мунақидон қабули ин қонунро қадаме сӯи диктатура медонанд, гуфт: “Ин ягон хел ҳаракат ба сӯи диктатура нест”.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 9 декабр лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро ба тасвиб расонд. Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар он мафҳуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, салоҳиятҳо, орден ва ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии Пешвои миллат ба низом дароварда шудаанд.

Мӯҳр
Номдор
Муборак ахсан дар хакикат арзандааст Ч О

Рост хаст барои халки точик бисёр корохо карданд Чанобамон.
ЗИНДА БОШЕД ЧАНОБИ ОЛИ АЗ ШУМО СИПОЗГУЗОРЕМ

офарин депутатхо. як конуни дигар кабул кунед ки шумо пешвочахои миллатен!

Салмон
Шарм доред, аз кабилахои индейтсхо батар шудем.

99
Э, қанд занетон!!!

Ин кори шумо нодуруст! Ба Чаноб хизмати хирсона кардет.

Ситора
Аз Депутатхо як хохиш дорем Пешвои Миллатро Президенти Якумра интихоб кунанд мешавад Чунки Э Ш Рахмонов арзанда аст илтимос чоп кунед

Парламент изо бкашен айб аст ин конунро халк бояд тарафдори кунад на шумо ,бад ин ки мо мардум аз мухочират ва гуломи ба дод омадагием хар руз нархи патент боло меравад ,боз шумо бошед дар фикри одампарасти .Бехтараш ягон ягон конун барои озодии савдо паст кардани андоз ,баланд бардоштани маош -шумо худатон дар курсии ришвахури нишастаед дигарон дар азоби бепулии зиндаги гирифтор..


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)