Либоси ягонаи бибиотунҳо ва тавсияи шаҳрдори Хуҷанд ба шӯрои занони маҳалла
Бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд аз ин ба баъд либоси ягона ба бар хоҳанд кард.
Аз дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд ба “Озодагон” гуфтанд, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар мулоқот бо раисони шӯрои занҳои кумитаи маҳаллаҳо, занони фаъол ва аъзои шӯрои бибиотунҳои маркази вилоят аз
тарҳу дӯхти либоси ягонаи бибиотунҳои шаҳр тавсиф карда, ба раисони шӯрои занони маҳалла низ доштани либоси ягонаро тавсия намудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот шаҳрдори Хуҷанд талаб кард, "дар кумитаи маҳаллаи шаҳр баргузор намудани суҳбату мулоқот ва чорабиниҳои мухталиф доир ба баланд бардоштани мақоми зан ва оилаидорӣ, эътибори ҷиддӣ нисбат ба масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллии занон, пешгирии онҳо аз хурофоту гаравидан ба андешаҳои зиддидавлатӣ, риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи расму оин ва анъанаҳо”, камхарҷ чораҳо андешида, фаъолияти асосии шӯрои занҳо ва бибиотунҳо, фаъолзанон аз муҳимтарин амалҳои зикргардида бояд бошад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |