Бахшҳо

Равоншиноси тоҷик: Сини издивоҷ аз 21 боло шавад

Равоншиноси Маркази “Боварӣ ба фардо” яке аз сабабҳои аслии суқути оилаҳои ҷавонро никоҳи барвақтӣ хонда, пешниҳод кард, синни никоҳ дар Тоҷикистон боло бардошта шавад.

Зарина Кенҷаева, равоншиноси Маркази “Боварӣ ба фардо” дар ҳамоише таҳти унвони “Пешгирии хушунат дар оила” дар шаҳри Душанбе гуфт, дар бештари маворид домоду арӯси ҷавон ба зиндагии мустақил сарфаҳм намераванд, ки сабаби ба ҳам задани оилаҳо мегардад. Хонум Кенҷаева гуфт, дар бархе кишварҳои Ғарб сину соли издивоҷ аз 21 то 24 муқаррар шудааст: “Хуб мебуд, агар дар Тоҷикистон низ сини издивоҷ аз 21 боло муқарар мегардид”.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон издивоҷ аз 18-солагӣ иҷозат дода мешавад. Дар сурати нақзи қавонин волидайн тибқи моддаи 168-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷарима ё то 5 сол ба маҳкама кашида мешаванд.

Дурсултон Шоҳназирова, ҳуқуқшиноси Маркази “Боварӣ ба фардо” мегӯяд, дар аксар ҳолат худкушии занон ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рабт дода мешавад, аммо дар асл мушкил ҷои дигар аст: “Худкушӣ он вақт мешавад, ки дар оила зӯроварӣ ва таҳқир бошад. Мо мегӯем, ин камбағал аст барои ҳамин худро кушт, вале агар дақиқ намоем, мефаҳмем, ки аз сабаби зӯроварӣ худкушӣ кардааст. Аксаран сарварони хонаводаҳо кушиш мекунанд, бо зӯроварӣ гапи худро гузаронад”.
Мӯҳр
беном
Сарвиноз
Ман ба сини 18 сола расидам Мегуянд ки Пирдухтар шудаи Бояд ман дар 16 солаги шавхар мекардам Ба ин хам Хизби Нахзати Точикистон Гунахгор аст Барои чи Чумхурии Точикистонро Давлати Демократи Хукукбунёд Дуняви ва ягона мегуянд Модоме мо Давлати Демократи бошем Ман мехохам дар сини 16 ё 17 солагиам шавхар кунам Кори хеч кас ба ман набошад Илтимос чоп кунед

рустам
Ассалому алайкум. ман шахсан ба фикри ин равоншиносон зид мебошам, чунки агар хар як духтаре мактаби миёнаро хатм менамояд алакай вай ба сини 18 кадам гузоштааст. Агар ин духтар лаёкати дар ягон донишгох тахсил кардан дошта бошад мункин ки вай барои тахсил намудан баьзан нафароне баьди шавхар намудани духтар сади рохи ин духтари донишчу мешаванд, лекин духтароне ки лаёкат ё имконияти тахсил карданро надоранд ваё мудати се ё чор соли дигар чи мекунанд. факат вакте духтарон ё писарона аз издивоч маьн намудан то сини 22 ё 23 факат мо онхоро ба фохишаги талкин менамоем . баьзан шахсон шахвати мешаванд ин гуна шахсон бояд тез хонадор шаванд на ин ки онхоро аз издивоч маьн намуд ин як гунохи азим мебошад.

Сину солро ба 28 баред ки фоида надорад вакте ки чавонон аз дину Худо дур бошанду зиндаги вазнин бошад (иктисоди ва ичтимои). ягона рохаш Худотарс кардани омма.Мактабу донишгоххо як тараф, акалан дар оилахо падару модар фарзандонро насихати оиладори намекунанд. Барои фарзанхо 10-15 хазор доллар сарф мекунанду вале вазифаю ухдадорихои зану шавхариро намефахмонанд.

Мансур
ин конуну коийдахое ки дар дигар давлатхо кабул мешаванд онро ТОЧИКИСТОН мегираду камтар ОБУ ранг меандозанду кабул мекунанд. якбор фикр кунед точикистон ба ин омода нест. ТОЧИКИСТОН конуну койда намехохад балки корхона мехохад як миллион мухочиронро дар ватаан дидан мехохад ва барки доими мехохад

аз ин бадтар мешаваду хубтар не! аслан ин кадар шариатро зери пой накунед!

Саид
Бовари дорам,ки хамин Зарина Канчаева ва бо чандин равоншиносони дигар, дар сини 16 солаги оиладор шудагиянд!...

Дар як хел давлатхо аз сини 50 биеед инро интихоб кунем.

ссср
Илтимос Точикистони азизамонро ба пирдухтархона табдил надихед..

Душанбеги
Хуб духтару бачахотона тарбия бкнен. Бетарбия шидан бад талок додан сар мешава. Бисёри оилахои точик бо ин маоши паст налогу гумруку нархи кувваи барки баланд, кобилияти нигох кардани фарзандонашонро надоранд барои хамин духтархоро дар 18 солаги ба шавхар медиханду писархояшон бошад ба Руссия мераванд. БАРОИ ХАМИН МУХМАТАРМ(А) РАВОНШИНОСОН АЙБ ДАР СИНУ СОЛ НЕСТ АЙБ ДАР ТАРБИЯ ХАСТ.

озод
марди точик дар синни 18-солаги ба балогат расидаги мебошад дар сурати ба синни 21-солаги расонидани издивоч ин албатта хатаре ба зиедшавии фахш мебошад.

марди точик дар синни 18-солаги ба балогат расидаги мебошад дар сурати ба синни 21-солаги расонидани издивоч ин албатта хатаре ба зиедшавии фахш мебошад.

Ин пешниходи нодуруст аст. Хуб мебуд агар хамаи омилхои пошхурии оилахо мавриди омузиш карор гирифта баъд хулосабарори шавад. Боло бурдани сину соли издивоч метавонад сабабгори зиёдшавии беморихои гуногун аз чумла сирояти дар байни чомеа гардад ва ягон хел пеши рохи пошхурии оиларо гирифта наметавонад. Хуб мешуд агар барномахои таълимии "Одоб ва фарханги оиладори"-ро тахия намуда аз мактабхои тахсилоти хамагони огоз намуда, дар хама сатххои зиндаги хатто пеш аз издивоч курсхои кутохмудати омузиши рохандози шавад... Яке аз чорабинии мухим ин дар сатхи мактабхои миёна барох мондани азхуднамоии касбу хунар мебошад, ки дар як маврид метавонанд хам илм омузанд хам хунар....
Бузургони миллат "Ризки худ сохибхунар аз санг пайдо мекунад" гуфтаанд.

салом неки равоншинс бисер суханой ночо задан чаро худашон е фарзанди худашонро аз сину соли барои издивоч аз 24 надодан е дига равоншиносо проблема надоран е бекор шдан.

2
хеле ба маврид, чавонон аввал базаи иктисодии худро ефта пасон бояд хонадор шаванд, нафароне ки барвакт хонадор мешаванд худ холо кудаквори рафтор карда дарди сари волидайн мешаванд.ИН мачбури на балки бо воситаи фахмондадихи бояд амали гардад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)