Бахшҳо
11 янв 2016 09:05Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Даргузашти Бобо Бекмуродзода, яке аз асосгузорони барномаи “Хоки Ватан”

Бобо Бегмуродзода, корманди собиқи Шабакаи 1-и телевизиони Тоҷикистон дар сини 64-солагӣ даргузашт.

Бино ба иттилои наздикон, ҷанозаи марҳум 9 январ дар зодгоҳаш -- деҳаи Яккахонаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент ба хок супорида шуд.

Бобо Бегмуродов 11 январи соли 1952 дар ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1969 мактаби миёнаи рақами 18-и деҳаи Артуч ва соли 1974 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Фаъолияти нахустини кории ӯ аз моҳи сентябри соли 1974 ба ҳайси муҳаррири барномаҳои ҷавонии телевизионии Тоҷикистон оғоз ёфта, худи ҳамон сол ба хизмати ҳарбии артиши Шӯравӣ дар вилояти Витебски Ҷумҳурии Белоруссия ҷалб мешавад. Баъд аз адои хизмати Ватан аз феврали соли 1976 Бобо Бекмуродзода аз нав ба телевизон баргашта, ба сифати муҳарири сиёсии телевизиони Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуда, то соли 1980 дар ҳамин вазифа хизмат мекунад.

Бобо Бегмуродов аз моҳи декабри соли 1980 то январи соли 1983 дар ҳайати Қувваҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон дар вилоятҳои Фараҳ, Нимрӯз, Қандаҳор, Ҳирот ва Кобул фаъолият карда, аз моҳи декабри соли 1985 то соли 1989 бо гуруҳи мушовирони Шӯравӣ дар вазорату идораҳои Афғонистон корро идома медиҳад ва ҳамчун тарҷумони муовини аввали раиси вазирони Ҷумҳурии Афғонистон чанд сол адои вазифа кардааст.

Марҳум аз соли 1989 то соли 2009, яъне то бемор шуданашон мухбири шабакаи 1-и телевизиони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Шаҳристон буд. Бобо Бегмуровро ҳамкасбонаш ҳамчун асосгузори барномаи машҳури “Хоки Ватан” дар радиои Тоҷикистон ном мебаранд.

Барои хизматҳои арзанда бо орденҳои “Дӯстии халқҳо”, “Ситораи сурх”, медалҳои “Ҷасорат”, “Ташаккурнома аз халқи минатпазири афғон”, “Ифтихорномаи Шӯрои олии СССР” мукофотонида шудааст.
Мӯҳр
Мастон
Расамашро мемондед хуб мешуд. Одами хизматкарда будааст. Чояш чаннат бошад Худовандо.

Магар ҷанозаро ба хок супурда мешавад? Ҷанозаро ё ҷасади марҳумро? Забондонҳои мӯҳтарам!

Сорбони О
Хокӣ,
Едат ба хайр лейтенанти калон-тарчумон.Полки таьминоти инженерии АрмейскиКонтингент в Афганистане.Сержант Сорбон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)